Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Reuters: дипломати эронӣ амали террористӣ тарҳрезӣ мекард


Анҷумани Шӯрои муқовимати миллии Эрон дар Фаронса. 30 июни соли 2018
Анҷумани Шӯрои муқовимати миллии Эрон дар Фаронса. 30 июни соли 2018

Дар Олмон як дипломати эронӣ бо гумони омодагӣ ба пиёда кардани амали террористӣ дар Фаронса боздошт шуд.

Хабаргузории Reuters рӯзи сешанбе дар робита ба ин қазия аз боздошти ду нафари дигар дар Белгия ва се нафар дар Фаронса гузориш дод. Пулис мегӯяд, онҳо мехостанд дар анҷумани Шӯрои муқовимати миллии Эрон - созмони муҳоҷирон, ки дар он Руди Ҷулианӣ, ҳуқуқдони президенти ИМА иштирок дошт, инфиҷор созмон диҳанд.

Гуфта мешавад, ки дипломати боздоштшуда корманди сафорати Эрон дар Вена, пойтахти Австрия аст. Вазорати умури хориҷии Австрия талаб кардааст, масунияти ин дипломат, ки номаш ошкор нашудааст, лағв шавад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи чоршанбе президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ бояд бо сафари расмӣ вориди Вена шавад. Мақомоти Эрон кишварҳои Аврупоро мутақоид мекунанд, ки ба таҳримоти ИМА алайҳи Эрон шомил нашаванд.

Теҳрон иттиҳоми алайҳи дипломаташро "қазияи сохта" унвон кард.

XS
SM
MD
LG