Бюрои иҷрои маҷбурии ноҳияи Турақурғони Узбекистон Марҳабат Эшматоваро огоҳ кардааст, ки қарзи барқу газро пардохт кунад. Аммо наздикони Эшматова мегӯянд, ин зан 15 сол пеш фавтидааст. Дар огоҳии Бюрои иҷрои маҷбурӣ омадааст, ки Марҳабат Эшматова бояд, фавран ба идораи Бюро ҳозир шуда, қарзи хизматрасониҳоро пардозад. Бюро қарзи ӯро 86.120 сӯм (наздики 11 доллар) ҳисоб кардааст.
"Холаам соли 2003 касал шуду вафот кард. Шавҳараш ҳам ду сол пеш аз марги вай вафот карда буд. Манзили вай ба каси дигар фурухта ва сабти ном шуд. Акнун ҳоло бо гузашти 15 сол огоҳинома фиристодаанд, ки бояд қарзи хизматрасониҳои комуналиро пардозем. Ба мо гуфтанд, ки пули зиёд нест ва биноан даъват карданд, қарзро пардозем", - гуфт яке аз наздикони Марҳабат Эшматова.
Бюрои иҷрои маҷбурӣ 29 майи соли 2017 бо фармони президенти Узбекистон дар назди Додситонии кулли ин кишвар таъсис дода шуд. Ин ниҳод пардохти саривақтии истифодаи захираҳои энержиро назорат мекунад.