Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ аз Шветсария баргардонидани дороиҳои Каримоваро тасдиқ кард


Тасавири ришвасионии Гулнора Каримов
Тасавири ришвасионии Гулнора Каримов

Додситонии кулли Узбекистон тасдиқ кард, ки барои баргардонидани қисме аз дороиҳои марбут ба Гулнора Каримова аз Швейтсария талош дорад.

Сурайё Раҳмонова, сухангӯи додситонии кул иттилоъ дод, ки музокира бо ҷониби Швейтсария идома дорад.

Додситонии кулли Узбекистон моҳи июли соли гузашта дар бораи сарнавишти дороиҳoи Гулнора Каримова дар сомонаи расмиаш иттилоъ дод.

Пештар аз ин хабар расид, ки вакилони дифои Гулнора рӯзҳои 21-22 июни соли ҷорӣ бо нафари таҳти ҳимояташон дар зиндон мулоқот кардаанд.

Наздики 810 миллион доллари ИМА, ки ба Гулнора Каримова - духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов тааллуқ дорад, дар бонкҳои Швейтсария банд шудааст. Расонаҳои Швейтсария 18 июн хабар доданд, додситонии ин кишвар қарор кард, ки 686.7 миллион франки дороии Гулнораро ба Узбекистон бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG