Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори узбек барои дашноми кормандонаш барканор шуд


Гурӯҳи вежаи пулиси Узбекистон
Гурӯҳи вежаи пулиси Узбекистон

Дар вилояти Намангони Узбекистон сардори Бюрои иҷрои иҷбории ноҳияи Уйчин Шералӣ Мамаризоев баъди нашри матлаб дар бораи истифодаи алфози қабеҳ нисбати кормандонаш, аз мақом барканор шуд.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ ахиран шикояти як гуруҳи кормандони Бюрои иҷрои иҷбории Уйчинро нашр кард, ки гуфтанд, Мамаризоев онҳоро ҳамеша дашном медиҳад ва, “бадзоту нокасу палид” меномад.

Гуруҳи кормандони бюро барои исботи даъвои худ се навореро ҳам ироа карданд, ки аз ҷаласаҳои гуногуни Мамаризоев сабт шудаанд.

Ба гуфтаи кормандони бюро, онҳо моҳи ферал аз болои сардори худ расман ба қабулгоҳи ба истилоҳ "маҷозӣ"-и президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев шикоят карда буданд.

Як корманди Бюрои иҷрои иҷбории Уйчун 30 июн гуфт, баъд аз нашри матлаб чанде аз пирони ноҳия ба назди сардори бюро омада хостанд, дашномдиҳии худро шарҳ диҳад.

“Як-ду мӯйсафед ҳатто бо асои худ Мамаризоевро заданд. Баъди ин ӯ чанд муддат нопадид шуд. Вазифаҳои ӯро муовинаш иҷро мекарданд ва ҳафтаи гузашта аз Бюрои вилоятӣ омада, сардори навро муаррифӣ карданд. То ҳол аз Мамаризоев дараке нест”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.

XS
SM
MD
LG