Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронсавиҳо ба гумрукчиёни тоҷик ошкор кардани ҳероинро ёд доданд


Маъмурони амниятиву гумруки Тоҷикистон аз сӯи мутахассисони Фаронса барои ошкор кардани қочоқбарони маводди мухаддир дар давраи омӯзишии вижа таҳсил карданд. Ба иттилои Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе, ҳадафи ин давраи омӯзишӣ, ки дар бинои Коллеҷи марзбонии САҲА дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, боло бурдани сатҳи ҳирфаии нозирон барои ошкор кардани афроди ҷиноятпеша будааст.

Дар ҷараёни дарсҳо ба 12 маъмури гумрукиву амниятӣ наҳваи бехатои ошкорсозии чунин афроди ҷиноятпеша омӯзиш дода шудааст. Мутахассисони фаронсавӣ ба маъмурони тоҷик масирҳои нав ва шеваи пинҳонсозии маводди мухаддир ва дар байни анбӯҳи мусофирон ошкор кардани чунин афродро тавзеъ додаанд. Мафтуна Иброҳимова, ширкаткунандаи ин давраи омӯзишӣ гуфт, ки омӯзиши таҷрибаи Фаронса дар ин замина барояш муфид буд ва умедвор аст, ки дар фаъолияти минбаъдаи худ аз донишҳои гирифтааш босамар истифода мекунад.

Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонии муштарак дорад ва ба бовари коршиносон, яке аз долонҳои интиқоли маводи мухаддир ба Русия ва дигар кишварҳои Шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамасола дар марз даҳҳо мавориди даргирӣ бо қочоқчиёни афғон сурат мегирад, ки дар бархе ҳолатҳо ба талафоти ҷонӣ меанҷомад.

XS
SM
MD
LG