Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати "РусГидро" Қирғизистонро ба додгоҳи Гаага мекашонад


Ширкати РусГидро ГЭС дар Норин
Ширкати РусГидро ГЭС дар Норин

Ширкати "РусГидро" Қирғизистонро огоҳ кард, ки дар робита ба бунёди силсила неругоҳҳои Норини боло ба додгоҳи Гаага даъво хоҳад бурд. Дар ин бора раиси "РусГидро" Николай Шулгинов хабар дод.

"Бо даъвати ҷониби Қирғизистон фардову пасфардо ҳайати мо барои идомаи гуфтугӯҳо сафар мекунад. Ҳарчанд мо натиҷаҳои мусбатро интизор надорем. Мо ҳамзамон бо гуфтугӯҳо барои ҳалли масъала дар додгоҳи Гаага омода мешавем", - гуфт Шулгинов.

Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, то кунун огоҳномаи "РусГидро"-ро дарёфт накардааст.

Соли 2012 ҳукуматҳои Русия ва Қирғизистон дар мавриди сохмони неругоҳи Қамбарота-1 ва силсиланеругоҳҳои Норини боло шартнома бастанд. Сохтмони ин ду неругоҳро ширкати русии "РусГидро" ба зима гирифт. Аммо баъди қатъи корҳои сохтмонӣ дар соли 2015 Қирғизистон шартномаро якҷониба бекор кард. Ба ин далел, ҷониби Русия даъво дорад, ки Қирғизистон бояд ба "РусГидро" 37 млн долар пардохт кунад.

XS
SM
MD
LG