Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дархости паноҳандагии гурезаҳои Сурияро рад кард


Паноҳандагони Сурия дар роҳ ба сӯи минтақаи курднишини Ироқ
Паноҳандагони Сурия дар роҳ ба сӯи минтақаи курднишини Ироқ

Додгоҳи олии Русия аз баррасии шикояти даҳҳо шаҳрванди Сурия, ки ба дархости ҳаққи паноҳандагияшон ҷавоби рад гирифтанд, худдорӣ кардааст.

Ба иттилои нашрияи "Коммерсант", додгоҳ гуфтааст, ки дар Сурия муқовимати мусаллаҳона нест ва танҳо "амалиёти зиддитеррористӣ" идома доранд ва бинобар ин, касе набояд ҳарос дошта бошад, ки мавриди таъқибҳои ғайриинсонӣ қарор хоҳад гирифт.

"Қисми назарраси минтақаҳои аҳолинишини Сурия ба низоми оташбас шомил шуда, дар ҳудуди ин кишвар иқдомҳои инсондустона идома доранд ва ба сокинон ёрии тиббӣ расонида мешавад", - омадааст дар қарори додгоҳ.

Пештар додгоҳи ноҳияи Октябри Русия шикояти гурезаҳои суриягиро дар робита ба дарёфти ҳаққи паноҳандагии муваққатӣ рад карда буд. Русия то моҳи январи соли 2017 ба 1317 шаҳрванди Сурия ҳаққи паноҳандагии муваққат дод, вале то тобистони соли гузашта шумори онҳо то ба 1301 нафар коҳиш ёфт.

Ба ҳисоби СММ, 6,3 миллион шаҳрванди Сурия маҷбур шуданд, дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона хонаҳои худро тарк карда, ҳудуди чаҳор миллион нафар ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурданд. Бино ба арзёбиҳо, 4,53 миллион дар Сурия ба кумаки башардустона ниёз доранд. Русия аз соли 2015 расман дар амалиёти низомии Сурия иштирок дорад.

XS
SM
MD
LG