Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯгоҳи "Норак" бо $650 млн бозсозӣ мешавад


Қарор аст соли ҷорӣ бозсозии кулли нерӯгоҳи Норак бо ҳазинаи 650 миллион доллари кӯмакҳои бебозгашти созмонҳои байналмиллалии молӣ оғоз шавад. Ин нерӯгоҳ аз соли 1972 фаъол аст ва ба гуфтаи масъулонаш бештаре аз таҷҳизоти тавлиди нерӯи барқ фарсуда шудааст. Саидшоҳ Абдуллоев, муовини сармуҳандиси нерӯгоҳи Норак ба Радиои Озодӣ гуфт, ки далели шурӯи бозсозии кулли ин нерӯгоҳ ба масоили таъмини амнияти энержии Тоҷикистон марбут аст.

"Ин нерӯгоҳ тӯли тақрибан 50 сол фаъол аст ва бештаре аз таҷҳизоти тавлидкунандаи нерӯи барқ ва тақсимкунандаи он фарсуда шудааст. Далели сар задани мушкили фаннии интиқоли нерӯи барқ дар зимистони соли 2016, ки тамоми Тоҷикистон барои чанд соат бидуни барқ монда буд, ба ҳамин мушкил марбут буд. Ҳоло ширкати “Андретс Гидро” аз Австрия масъули ин бозсозии нерӯгоҳи Норак интихоб шудааст ва соли ҷорӣ корҳои таҷдиди он шурӯъ мешавад. Соли 2019 воридоти таҷҳизоти нав барои тавлиди нерӯи барқ дар ин нерӯгоҳ шурӯъ мешавад”, гуфт Абдуллоев. Вай афзуд, ки тибқи баровардаҳои мутахассисон, баъд аз анҷоми бозсозии кулли нерӯгоҳи Норак зарфияти тавлиди нерӯи барқ дар он то 10 дарсад афзоиш меёбад.

Абдуллоев гуфт, тӯли тамоми замони бозсозии нерӯгоҳ, ки то соли 2020 идома меёбад, тавлиди нерӯи барқ дар Норак қатъ нахоҳад шуд. Вай мутмаин аст, ки Бонки Осиёии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд ва Олмон куллияи маблағи зарурӣ барои ин бозсозии нерӯгоҳро сареан фароҳам мекунанд.

Аввалин агрегат ё чархаи нерӯгоҳи Норак соли 1972 фаъол шуда, ҳамасола то 13 миллиард киловатт соат нерӯи барқ тавлид мекунад. Нерӯи барқи тавлидшуда дар ин нерӯгоҳ то 70 дарсади талаботи кишвар ба нерӯи барқро бароварда месозад. Дар тӯли солҳои фаъолияти нерӯгоҳи Норак дар ин ҷо ҳудуди 438 миллиард киловатт соат нерӯи барқ тавлид шудааст.

Видеоҳои охирин

Хонуме ширкати таксиро бо истифодаи аксаш дар реклама муттаҳам мекунад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:26 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG