Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон муҳоҷирони аз Туркия баргаштаро ҳабс мекунанд


Наздики бист шаҳрванди Туркманистон, ки бо шиносномаҳои беэътиборшуда дар хориҷ аз ин кишвар буданд, баъди баргаштан боздошт шуданд.

Одамони зиёде баъди аз Туркия баргаштан боздошт шуданд. Инҳо баъди ваъдаи мақомоти Туркманистон дар бораи ба ҷавобгарӣ ҷалб нашудан, баргаштанд. "Ҳамаи боздоштшудаҳо шиносномаи куҳна дар даст доранд, ки эътибори онҳо соқит шудааст",- хабар медиҳанд расонаҳо.

Дар моҳҳои охир дар чанде аз минтақаҳои Туркманистон мақомот дар мазҳари ом ваъда карданд, ки шаҳрвандони дорои шиносномаҳои хориҷии беэътиборшуда метавонанд, ба кишвар баргарданд ва ба ҷавобгарӣ ҷалб нахоҳанд шуд.

Туркманистон ахиран талош дорад, ки шаҳрвандонашро аз сафарҳои хориҷӣ бозгардонад. Хабар дода мешавад, ки бисёрии шаҳрвандон дар фурудгоҳ аз парвоз ба хориҷ манъ мешаванд.

XS
SM
MD
LG