Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низом Қосим маблағи ҷоизаи "Ситораи Иттиҳод"-ро хайр мекунад


Низом Қосим, шоири тоҷик ва раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мехоҳад ҷоизапулии худро, ки 2 миллион рубл аст, ба кори хайр сарф кунад. Низом Қосим ҳафтаи қабл дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷоизаи "Ситораи Иттиҳод"-ро соҳиб шуд. Ҷоизаро бо чеки 2 миллион рулл Пӯлод Булбулоғу, раҳбари Кумитаи ҷоизаи "Ситораи Иттиҳод" тайи маросиме ба ба ин шоири тоҷик супурд

Низом Қосим рӯзи 27-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мехоҳад ин маблағи ҷоизаро ба кори хайру савоб сарф кунад. Вай афзуд "ҳоло ба кӣ ва куҷо хайр кардани ин маблағро фикр дорам, албатта ин корро анҷом медиҳам". Аммо ин шоир нагуфт чӣ миқдор аз ин маблағро барои корҳои хайрияӣ сарф хоҳад кард.

Маросими ҷоизасупорӣ 19-уми июн дар Форуми XIII зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Остона сурат гирифт. Ба гуфтаи Низом Қосим, соли ҷорӣ барои дарёфти ин ҷоиза 11 нафар аз 8 кишвар пешниҳод шуда буданд, аммо бо тасмими аъзои ҳакамон 8 нафар барандаи ҷозаи "Ситораи Иттиҳод" гардид.

Ҷоизаи байнидавлатии "Ситораи Иттиҳод" ҳанӯз соли 2009 аз ҷониби Шӯрои ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ таъсис шудааст. Ҷоиза ҳамасола аз рӯи се номгӯй дар соҳаи илм ва маориф, фарҳанг ва санъат ва фаъолиятҳои башардӯстона тақдим мегардад. Ба барандагони ҷоиза диплом, нишони фахрӣ ва 2 миллион рубли русӣ тақдим мегардад. Дар гузашта академик Раҳим Масов, рассоми тоҷик Вафо Назаров ва Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов барандаи ин ҷоиза шудаанд.

XS
SM
MD
LG