Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканориҳо дар Вазорати маорифи халқи Узбекистон


Вазири маорифи халқии Узбекистон Шерзод Шерматов рӯзи 25-уми июн ҳамаи раҳбарони раёсатҳо ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии ин ниҳодро аз мақом барканор кард.

“Ин қарор дар робита ба дастури президент Шавкат Мирзиёев дар бораи иваз кардани ҳайати кадрии вазорат қабул шуд”, - хабар доданд расонаҳои маҳаллӣ аз қавли вазири маориф.

Шерзод Шерматов дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф гуфт, фаъолияти вазорат дар асоси сифат, адолат ва шаффофият ба роҳ монда шудааст. «Ҳар касе, ки наметавонад, аз рӯи ин се талабот фаъолият кунад, барканор мешавад», - гуфт вазир.

Улуғбек Иноятов, вазири пешини маорифи халқии Узбекистон рӯзи 20-уми июн аз мақом барканор ва Шерматов ба ҷои ӯ таъйин шуд.

Ба ҷуз ин, муовини аввали вазир Қодирбой Бектурдиев ва муовинони вазир Ҷаҳонгир Сидиқов ва Дилшод Кенҷаев барканор шуданд.

XS
SM
MD
LG