Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон истеъфо дод


Қубод Оторбоев
Қубод Оторбоев

Қубод Оторбоев, ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон эълон кард, ки аз 27-уми июн салоҳиятҳояшро канор мегузорад.

Қубод Оторбоев гуфт, дар ҳаёти ҳамаи инсонҳо замоне фаро мерасад, ки донишу маҳораташ дар соҳаи дигар заруртар мешаванд ва чунин айём барои ӯ ҳам фаро расидааст. “Ин қарор хуб фикр карда шуда ва бе шитоб гирифта шудааст, ба ҷуз ин дар қабули қарор ҳеч касе ба ман фишор наовардааст”, - гуфт ӯ.

Оторбоев ҳамзамон аз фаъолияташ натиҷагирӣ кард. Омбудсмени Қирғизистон гуфт, давоми 2,5 соли охир дар бахши ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон кори зиёдеро анҷом додааст.

Давоми 15 соли мавҷудияти институти ваколатдори ҳуқуқи инсон бори аввал 19 гузориши махсус таҳия шуд, ки ба бахшҳои мухталифи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бахшида шудаанд.

Қубод Оторбоев соли 2015 ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG