Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори нави Амрико дар бораи хариди нафти Эрон


Як мақоми баландпояи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи сешанбеи 26-уми июн гуфт, кишварҳои харидори нафти Эрон аз оғози моҳи ноябр ва аз шурӯши таҳримҳои Амрико алайҳи Теҳрон, бояд ҳама воридоти худ аз ин кишварро қатъ кунанд.

Вай дар посух ба ин суол, ки оё Амрико ба кишварҳои муттаҳидаш фишор меоварад то воридоти нафти Эронро то моҳи ноябр ба сифр бирасонанд, гуфт, "бале".

Ин мақоми амрикоӣ, ки ҳозир нашуд номаш дар гузориш қайд шавад, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон афзуд, "ҳадафи мо мутаваққиф кардани роҳҳои даромади Эрон ва барҷаста кардани иқдомоти зиёнбори он кишвар дар сатҳи минтақа аст".

Бар асоси охирин арзёбии Сандуқи байналмилалии пул, ки қабл аз хуруҷи Амрико аз созишномаи ҳастаӣ мунташир кард, Эрон дар соли гузашта наздик ба 50 миллиард доллар содироти нафт дошт.

Ӯ афзуд, ки ҳафтаи оянда ҳайате аз мақомҳои амрикоӣ роҳии кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс хоҳанд шуд, то итминон ҳосил шавад, ки дар пайи қатъи интиқоли нафти Эрон, бозори ҷаҳонӣ бо камбуд рӯбарӯ нашавад.

Ин мақоми вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, сахттар шудани таҳримҳо алайҳи Эрон "яке аз авлавиятҳои аслии амнияти миллӣ"-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст.

Эрон дар соли гузашта рӯзона ду миллиону 125 ҳазор бушка нафти хом ва 400 ҳазор бушка маҳсулоти газӣ содир кард. Аз се як ҳиссаи ин маҳсулот ба Аврупо ва бақия ба дасти муштариёни осиёии Эрон, ки иборат аз Чин, Ҳинд, Кореяи ҷанубӣ ва Ҷопон мебошанд, расид. Ин омор тақрибан дар нимаи аввали соли ҷорӣ низ ба ҳамон мизон идома ёфтааст.

Бар асоси охирин арзёбии Сандуқи байналмилалии пул, ки қабл аз хуруҷи Амрико аз созишномаи ҳастаӣ мунташир кард, Эрон дар соли гузашта наздик ба 50 миллиард доллар содироти нафт дошт ва барои соли ҷорӣ интизор мерафт ин рақам ба 63 миллиарду 700 миллион доллар, яъне наздик ба 60 дарсади кулли содироти кишвар бирасад.

Доналд Трамп дар авоили моҳи майи соли ҷорӣ расман эълон кард, ки Амрико аз созиши ҳастаӣ бо Эрон хориҷ хоҳад шуд ва таҳримҳо алайҳи ин кишварро бозмегардонад. Амрико дар ҳоли фишор овардан ба кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ, ба вижа Ҳинд, Ҷопон ва Чин барои костан аз робитаҳои тиҷоратии худ бо Эрон ва қатъи воридоти нафти ин кишвар аст.

Қудратҳои ҷаҳонӣ мегӯянд, ки хоҳони ҳифзи созишномаи ҳастаӣ ҳастанд ва талош мекунанд маҷмӯае аз имтиёзот барои Эрон дар назар гирифта шаванд ва онҳо ба тиҷорати худ бо Теҳрон идома бидиҳанд. Вале ин мақоми баландпояи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи сешанбе таъкид кард, ки мӯҳлати 180-рӯзаи Амрико барои бозгардонидани таҳримҳо алайҳи Эрон ба поён мерасад.

Ин изҳори назари мақомҳои амрикоӣ дар ҳоле аст, ки Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи сешанбе гуфт, ки Теҳрон аз таҳримҳои Амрико ғолиб бадар хоҳад омад. Вай амрикоиҳоро муттаҳам кард, ки алайҳи Эрон "ҷанги равонӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ" роҳ андохтаанд. Оқои Рӯҳонӣ талош кард, ки ба мардум итминон диҳад, пас аз хуруҷи Амрико аз созиши ҳастаӣ, ҳукумати вай дар таъмини ниёзҳои асосии мардуми Эрон мушкиле нахоҳад дошт.

Оқои Рӯҳонӣ гуфт, "бисёре аз маводи мавриди ниёзи аввалия мисли гандум, рӯған ва шакар ё ба андозаи кофӣ дар дохил тавлид мешаванд ва ё ба андозаи кофӣ таъмин ва захира шудаанд ва ҳеҷ нигаронӣ вуҷуд надорад. Агар ниёз ҳам ба колое бошад, ҳатман фаврӣ ворид хоҳад шуд."

XS
SM
MD
LG