Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фаровонӣ" дар Туркманистон аз диди расонаҳои давлатӣ


Телевизиони давлатии Узбекистон гузоришеро дар бораи норасоии нон дар Туркманистон нашр кард.

Аммо Turkmenportal.com – сомонаи наздик ба ҳукумати Туркманистон рӯзи 24-уми июн аз фаровонии ғизо дар ин кишвар хабар дод.

Ин сомона навишт, "имрӯзҳо дар ҳамаи марказҳои тиҷоратӣ ва мағозаҳои Туркманистон фаровонии ғизо мушоҳида мешавад".

Телевизиони "Ёшлар"-и Узбекистон рӯзи 21-уми июн дар бораи камбуд ва навбатпоӣ барои нон дар вилоятҳои Марӣ ва Дашоғузи Туркманистон гузориш нашр кард. Дар гузориш гуфта мешуд, ки мардуми Туркманистон мушкили иқтисодӣ доранд.

Моҳҳои охир камбуди нон ва норасоии ғизо дар фурӯшгоҳҳои Туркманистон мавзӯи асосии расонаҳои марбути ин кишвар аст.

XS
SM
MD
LG