Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насрин Сутуда васиқаи 150 ҳазор доллариро рад кардааст


Насрин Сутуда
Насрин Сутуда

Расонаҳои Эрон хабар доданд, ки Насрин Сутуда, вакили дифо ва фаъоли ҳуқуқи башар, васиқаи содиршуда аз тарафи як додгоҳи Эронро рад кардааст. Ин вакили мудофеъ рӯзи 13-уми июн дастгир шуд.

Ризо Хандон, шавҳари Насрин Сутуда, ба хабаргузории "Исно" гуфтааст, ҳамсараш васиқаи муодили 150 ҳазор долларро рад намуд.

Насрин Сутуда ба таблиғоти зидди системаи ҳукуматӣ дар Эрон муттаҳам аст.

Хонум Сутуда аз заноне дифоъ кардааст, ки ба хотири эътироз алайҳи пӯшидани чодар ва рӯсарӣ мавриди пайгарди қонун қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG