Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи пеш аз интихоботӣ дар Туркия ба поён мерасад


Маъракаи пеш аз интихоботии Туркия шоми 23-юми июн ба поён хоҳад расид. Интизор меравад, интихоботи президентӣ ва порлумонии Туркия рӯзи 24-уми июн баргузор шавад.

Пас аз баргузории ин интихобот, раиси ҷумҳури мунтахаби Туркия аз салоҳиятҳои густарда бархӯрдор хоҳад шуд. Пашбиниҳо нишон медиҳад, ки Ҳизби адолат ва рушд ба раҳбарии Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо як рақобати душвор дар ин интихобот рӯ ба рӯ аст.

Бар асоси назарсанҷиҳо, интихоботи Туркия ба даври дувум хоҳад рафт. Назарсанҷиҳо ҳамчунон баёнгари онанд, ки Ҳизби адолат ва рушд пас аз 16 сол аксари курсиҳоро дар порлумон аз даст хоҳад дод.

Муҳаррам Инҷа, раҳбари Ҳизби Ҷумҳурихоҳи халқ рақиби аслии Эрдуғон дар интихоботи рӯзи 24-уми июн аст.

Аҳзоби мухолиф ва гуруҳҳои мудофеъ аз ҳуқуқи башари Туркия гуфтаанд, ки рӯзи интихоботи президентӣ ва порлумонӣ садҳо ҳазор нозир ва ихтиёриро ба ҳавзаҳои интихоботӣ дар саросари кишвар хоҳанд фиристод. Мухолифони раиси ҷумҳур Раҷаб Таййиб Эрдуғон мегӯянд, бо вуҷуди онки дар мавриди мунсифона будани интихобот нигаронанд, талош доранд дар ин интихобот ба қудрати 16-солаи ӯ поён бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG