Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

60 ҳазор евро кӯмаки Аврупо ба осебдидаҳои обхезиҳо дар Тоҷикистон


20 май, ноҳияи Фархор
20 май, ноҳияи Фархор

Иттиҳодияи Аврупо ба зарардидагони обхезиҳо дар Тоҷикистон кӯмаки башардӯстонаи фаврӣ расонид. Дар пайи хабарҳо аз обхезиҳои харобиовари моҳи майи соли ҷорӣ дар ҷануби Тоҷикистон, Комиссияи Аврупо 60 ҳазор евроро (тақрибан 630 ҳазор сомонӣ) ҳамчун ёрии молиявии башардӯстона барои расонидани кӯмаки фаврӣ ба ҷамоатҳои офатзада ҷудо кардааст.

Дар иттилоияи Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 22 июн гуфта шуд, ки ин кӯмак бевосита ба талаботи фаврии 500 оилаҳои зарардида (2,500 нафар), ки ба чизҳои зарурӣ, аз ҷумла маводи хуфтухоб, асбоби пухтупаз ва олоти кор барои дар давоми се моҳ тоза кардани макон аз сангу лой ниёз доранд, ҷавобгӯ мебошад. Ин кӯмакҳо тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки таъҷилӣ ба оилаҳое, ки дар натиҷаи офат зарар диданд, хонаҳои онҳо вайрон ё нобуд шудаанд, равона мешавад.

Аз 16 то 21 майи соли ҷорӣ боришоти сахт ва дарозмуддат боисӣ обхезӣ шуда, 9 деҳа дар 2 ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлони Тоҷикистон зарар диданд. Ҳадди аққал 6 нафар ба ҳалокат расид, 1,145 хонавода (5,725 нафар) ба таври ҷиддӣ зарар дида, инфрасохтор вайрон ё пурра нобуд шуд, омадааст дар изҳороти Иттиҳодияи Аврупо.

XS
SM
MD
LG