Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

OCCRP: Тиҷорати қаннодии Қазоқистонро духтари президент "назорат" мекунад


OCCRP қисмати дувуми "Бойгонии Панама"-ро нашр кард. Дар қисмати дувум дар баробари далелҳои нави ширкатҳои зиёди офшорӣ дар бораи тиҷорати Дариға Назарбоева, духтари президенти Қазоқистон ҳам иттилоъ мавҷуд аст.

OCCRP - Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта - ҳуҷҷатҳои наверо дар бораи ширкати ҳуқуқии Mossac Fonseca нашр кард. Хабарнигорони OCCRP мегӯянд, ширкати мазкур дар ибтидо натавониста буд, қариб 75 дарсади моликони аслии ширкатҳои офшориро шиносоӣ ва мушаххас кунад.

Ҳуҷҷатҳои нав далолат мекунанд, ки Дариға Назарбоева - духтари президенти Қазоқистон ва раиси Кумитаи муносибатҳои байналхалқӣ, мудофиа ва амнияти Сенати Қазоқистон - аз соли 2007 ба ин тараф ба танҳоӣ ширкати Asterry Holdings Ltd.-ро дар Ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё идора мекунад.

Маҳз ҳамин ширкат тавассути ҳалқаҳои дигар қисме аз тиҷорати қаннодиро дар Қазоқистон соҳиб шудааст, менависанд рӯзноманигорон. Дариға Назарбоева ба дархости рӯзноманигорон дар бораи шарҳи ин мавзуъ посух надод.

XS
SM
MD
LG