Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонии Тоҷикистон: "Роҳи фирори Шодиев ба мо маълум нест"


Аскарбек Шодиев
Аскарбек Шодиев

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки иддаои Бишкек дар бораи тариқи хоки кишвар фирор кардани Аскарбек Шодиев, вакили порлумони Қирғизистонро рад ё тасдиқ карда наметавонанд. Қаблан ниҳодҳои қудратии Қирғизистон гуфтанд, Аскарбек Шодиев тариқи хоки Тоҷикистон нахуст ба Русия ва сипас ба Амрико рафтааст.

Як мақом дар нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 20-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати дархости расмии мақомоти Қирғизистон омода ҳастанд, дар бораи фирори Шодиев бо онҳо ҳамкорӣ кунанд.

Нисбат ба Аскарбек Шодиев рӯзи 31-уми май бо моддаи "сӯиистифода аз мақоми хизматӣ" айб эълон шуд. Додгоҳ ӯро дар ғайбаш ба ҳабс маҳкум кард.

Ҳафтаи равон бархе аз расонаҳои Қирғизистон навиштанд, ҷониби Тоҷикистон ба дархости онҳо дар бораи фирори Аскарбек Шодиев тариқи хоки Тоҷикистон посухи рад додааст.

Аммо дар идораи марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ба дархости рӯзноманигорони қирғиз посухи рад надодаанд, танҳо аз онҳо тақозо шуд, ки тариқи Вазорати умури хориҷӣ муроҷиат кунанд. Ба қавли манбаъ, танҳо дар сурати иҷозаи Вазорати умури хориҷӣ, идораи марзбонии Тоҷикистон метавонад маълумоте ироа кунад.

“Аскарбек Шодиев тариқи Тоҷикистон фирор кардааст ё не феълан дақиқ нест. То замоне ки аз ҷониби Қирғизиистон дар сатҳи болоӣ расман дархост наояд, дар ин замина ҳеҷ гуна маълумот дода намешавад. Агар Шодиев ягон шахси оддӣ ё ҷинояткор мебуд, ягон илоҷ карда маълумот пахш мекардем, аммо вай намояндаи собиқи ҳукумат ва вакили порлумони Қирғизистон аст", - гуфт манбаъ.

Бо ин вуҷуд масъулини идораи марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, дар гузаргоҳҳои марзии кишвар системаи ягонаи бақайдгирӣ насб шудааст ва ҳар нафаре, ки аз марз убур мекунад, ному насабаш сабт мешавад. Бо такя ба ин дар идораи марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, агар Аскарбек Шодиев ҳам тариқи марзи Тоҷикистон ба хориҷ рафта бошад, ному насабаш сабт шудааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон оғози моҳи июни имсол хабар дод, ки вакили порлумони ин кишвар Аскарбек Шодиевро таҳти пайгард қарор додааст. Ба иттилои ниҳоди мазкур, як рӯз пеш аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ, рӯзи 27-уми апрел, Шодиев ба ҷанозаи хешаш ба шаҳри Исфанаи вилояти Бодканд рафта, баъдан ғайриқонунӣ марзи Қирғизистону Тоҷикистонро убур кардааст.

Шодиев дар рӯзи ифтитоҳи парванда, бо ҳавопаймои "Хуҷанд-Москва" бо истифода аз шиносномаи дипломатии Қирғизистон ба Русия ва аз он ҷо ба шаҳри Ню-Йорки Амрико парвоз кардааст.

Нисбат ба Аскарбек Шодиев рӯзи 31-уми май бо моддаи "сӯиистифода аз мақоми хизматӣ" айб эълон шуд. Додгоҳ ӯро дар ғайбаш ба ҳабс маҳкум кард.

Додситонии кулли Қирғизистон Аскарбек Шодиевро барои аз худ кардани 2 миллиону 61 ҳазор сом (наздики 30 ҳазор доллари ИМА)-и буҷети порлумон муттаҳам донист. Ин маблағ барои ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов ҷудо шуда буд.

XS
SM
MD
LG