Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон барои говҳо "памперс" пешниҳод карданд. ВИДЕО


Як навраси 17-солаи тоҷик пешниҳод дорад, дар деҳот ба говҳо “памперс” ё халтаи махсус пӯшонида шавад, то ахлоти чорво оби чашмаву ҷуйҳоро ифлос накунад.

Ин проблема дар ноҳияи мо бисёр аст. Барои ҳамин, фикр кардем, ки бояд аз ифлосшавӣ пешгирӣ кунем

Анас Юсуфов ва ду дӯсти дигари ӯ аз ноҳияи Айнӣ ба ин хулоса омадаанд, ки яке аз роҳҳои хуби тоза нигоҳ доштани об дар деҳот ва ҷилавгирӣ аз бемориҳои мухталиф, истифода аз халтаи махсуси ахлотғундорӣ барои чорвост. Онҳо ин таҷрибаи худро дар намунаи чанд гов санҷидаанд ва бо мардуми чорводор ҳам сӯҳбат кардаанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Барои говҳо дар Тоҷикистон "памперс" пешниҳод карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

"Одамони рӯзгордида хуб гуфтанд"

Анас Юсуфов рӯзи 19-уми июн гуфт, халтаи таҳиякардаи онҳо ҳамчунин ҷамъоварии поруи чорворо барои сӯзишворӣ осон мекунад. “Мо аввал фикр кардем, ки дар гирди дарё “сигнализатсия” насб кунем, вале харҷаш хеле зиёд шуд. Чун дарё калон ва то Узбекистон меравад. Барои ҳамин, бо харҷи 100 сомонӣ як халта сохтем. Ин халтаро бояд чорвоҳое, ки дар назди обу чашмаҳо мегарданд ва зиндагӣ мекунанд, ҳатман истифода баранд. Мо дар ноҳияи худамон дар ин бора бо одамони рӯзгордида сӯҳбат кардем, хуб қабул карданд”, - афзуд ӯ.

Анас ва дӯстонаш мегӯянд, ифлос шудани об аз ахлоти чорво дар рустоҳо як мушкили доғ аст. Ӯ гуфт, “ин проблема дар ноҳияи мо бисёр аст. Барои ҳамин, фикр кардем, ки бояд аз ифлосшавӣ пешгирӣ кунем. Вақте ахлоти гов ба об мерезад ва аз он об кӯдакон истифода мебаранд, ҳама бемор мешавад.”

"Собуни кисагӣ"

Халтаи таҳиякардаи Анас ва дӯстони ӯ дар қатори 14 лоиҳаи беҳтарин дар Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об дар Душанбе муаррифӣ шуд. Ин анҷуман рӯзи 19-уми июн дар доираи Конфронси байналмилалии “Об барои рушди устувор” баргузор гардид. Дар анҷуман ба хурдсолону наврасон имкон дода шуд, аз мушкилоти худ оид ба оби ошомидани бигӯянд ва роҳҳал пешниҳод кунанд.

Шаҳзода ва гурӯҳаш аз ноҳияи Рӯдакӣ дар намоиши “ташаббусҳои наврасони навовар” бо як собуни кисагӣ ширкат карданд. Ба гуфтаи Шаҳзода, дар мактабҳо кӯдакон бояд аз як собуни умумӣ истифода баранд, вале на ҳама инро мехоҳанд.

“Онҳо баъд аз ҳоҷатхона ва пеш аз ба ошхона даромадан дастонашонро бо собун намешӯянд. Чун дар мактаб як собуни умумӣ аст ва баъзеҳо намехоҳанд аз он истифода баранд. Мо собунҳое дар шакли доручаҳо сохтем, ки онро мешавад дар қуттии хурд ҷой карда, дохили ҷузвдон гузошт”, - гуфт ӯ.

ЮНИСЕФ чӣ тарҳҳоро дастгирӣ мекунад?

Тарҳҳои беҳтарини кӯдакон барои ҳалли мушкили марбут ба об баъдан дар амал татбиқ мешавад. Хушбахт Ҳоҷиев, як намояндаи Бунёди атфоли Созмони Милал ё ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон гуфт, муттахассисон ба кори наврасони ихтироъкор баҳои баланд дода, амалӣ кардани бархе аз онҳоро муҳим арзёбӣ кардаанд.

Ӯ гуфт, “масалан, оид ба истеҳсоли собун ду лоиҳа ҳаст, ки маблағи хурд талаб мекунад ва метавонад дар мактабҳо фарҳанги истифодабарии собун ва дастрасии онро барои хонандаҳо боло баранд.”

Ба иттилои ЮНИСЕФ, ҳамарӯза дар ҷаҳон беш аз 700 кӯдак аз бемориҳое ҷон медиҳанд, ки ба оби ифлосу вазъи ногувори тозагию беҳдоштӣ рабт мегиранд. Ҳар нафари нуҳум дар ҷаҳон ҳанӯз ҳам ба оби пок дастрасӣ надорад.

"Ҳамаи мактабҳо оби ошомиданӣ надоранд"

Як пажӯҳиш, ки соли 2017 дар Тоҷикистон анҷом шуд, муайян кардааст, ки дар шаҳрҳо 95 дарсад ва дар деҳот 71 дарсади аҳолӣ ба оби безарар дастрасӣ доранд. Аммо Шералӣ Раҳматуллоев, пизишки кӯдакон ва як масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мегӯяд, ҳанӯз ҳам кӯдакон дар самти дастрасӣ ба оби поку безарар мушкил доранд.

Шералӣ Раҳматуллоев бо такя ба пажӯҳиши як соли пеш гуфт, аксари мактабу беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ дар кишвар бо лӯлаҳои оби ошомиданӣ таъмин нестанд.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об гуфт, кӯдакону наврасон аз нигоҳи тиббӣ осебпазиранд ва ба оби тоза зарурати бештар доранд. Ӯ ваъда кард, ки тамоми мактабҳои кишвар бо оби ошомиданӣ таъмин хоҳад шуд.

Нуриддин Саид
Нуриддин Саид

“Ҳар сол беш аз 100 то 130 мактаб сохта ба истифода дода истодаем. Ба масъалаи обрасонӣ ва таъмини хонандаҳо бо оби ошомиданӣ диққати ҷиддӣ медиҳем ва ҳамаи мактабҳои то имрӯз сохташударо бо об таъмин мекунем. Он рӯз дур нест, ки тамоми 3 876 мактаби кишвар пурра бо оби ошомиданӣ таъмин хоҳад шуд”, - афзуд ӯ.

Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об, рӯзе пеш аз конфронси байналмилалии “Об барои рушди устувор” барпо шуд, ки рӯзҳои 20-22-юми июн дар Душанбе ҷараён мегирад. Қарор аст, дар ин конфронс ду наврас иштирок ва суханронӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG