Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар музокироти Тоҷикистон Покистон ду санади ҳамкорӣ имзо шуд


акс аз president.tj
акс аз president.tj

Президентони Тоҷикистон ва Покистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусейн дар Душанбе мавзӯи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, мубориза бо терроризм ва масоили иқтисодиро баррасӣ карданд. Дар ин мулоқот ду санад имзо шуд: Ёддошти тафоҳум байни Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Раёсати аудитори генералии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ дар бахши давлатӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот байни Кумитаи телевизиону радиои Тоҷикистон ва Вазорати иттилоот, телевизион, радио ва мероси миллии Покистон.

Вебсайти президенти Тоҷикистон рӯзи 19 июн хабар дод, ки ҷонибҳо “ҳамкории фарогиру созандаи тарафҳо дар соҳаҳои сиёсиву низомӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитариву фарҳангиро баррасӣ карданд”.

Ҳайати ҳукуматии Покистон ба раҳбарии президент Мамнун Ҳусейн рӯзҳои 20-22 июн дар Душанбе дар Конфронси байналмилалӣ оид ба масоили об иштирок мекунад.

XS
SM
MD
LG