Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ бо раҳбарони Австрия ва Швейсария дидор мекунад


Президенти Эрон Ҳасани Руҳонӣ моҳи оянда ният дорад аз Австрия ва Швейсария дидан кунад. Ин сафар, ки дар бораашон мақомоти кишварҳои аврупоӣ хабар доданд, дар шароити номуайянии идомаёбанда дар заминаи ояндаи созиши ҳастаии қудратҳо бо Эрон сурат хоҳад гирифт.

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки кишвараш аз созиши ҳастаӣ берун мешавад ва таҳримҳои иқтисодиро дубора болои Эрон таҳмил мекунад. Ҷонибҳои дигари имзогузошта зери созиш – Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон гуфтаанд, ки то замони ба шарту шурути созиш пойбанд мондани Эрон онҳо низ аз ин созишнома берун намешаванд.

Моҳи ҷорӣ Эрон гуфт, ки дар сурати бекор шудани созишномаи ҳастаӣ, тавонмандии ғанисозии ураниуми худро афзоиш медиҳад.

Руҳонӣ қарор аст рӯзҳои 2 ва 3 июл дар Швейсария монда бо президент Алейн Берсет дидору гуфтугӯ мекунад. Мавзӯи сӯҳбат – ҳифзи созишномаи соли 2015-и ҳастаӣ мешавад. Дар ин нишаст инчунин вазъи Ховари Миёна ҳам баррасӣ мешавад. Рӯзи 4 июл Руҳонӣ дар Вена бо президенти Австрия Александр Ван дер Беллен ва садри аъзам Себастиан Куртс дидору гуфтугӯ мекунад.

Раҳбари Австрия гуфтааст, ки талошҳои Иттиҳодияи Аврупо барои ҳифзи созишнома бо Эронро пуштибонӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG