Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши маргталабона дар Ҷалолобод 18 нафар кушта шуд


Нишасти сулҳ дар вилояти Нангарҳори Афғонистон бо ҳузури мақомоту раҳбарони маҳаллии Толибон ва сокинон баргузор шуд
Нишасти сулҳ дар вилояти Нангарҳори Афғонистон бо ҳузури мақомоту раҳбарони маҳаллии Толибон ва сокинон баргузор шуд

Дар натиҷаи як ҳамлаи интиҳорӣ ё маргталабона дар вилояти Нангарҳори Афғонистон 18 нафар кушта ва 49 тани дигар захмӣ шуданд.

Атоуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор, рӯзи 17-уми июн гуфт, ин ҳамла дар шаҳри Ҷалолобод ва аз тарафи як ҳамлагари худкуш сурат гирифт. Хугиёнӣ аз ин бештар ҷузъиёт надодааст.

Ҳамла замоне сурат гирифтааст, ки мардум дар ҳоли берун шудан аз як нишасти сулҳ дар вилояти Нангарҳор будаанд. Дар ин нишаст наздик мақомҳои амниятии Нангарҳор, шуморе аз раҳбарони маҳаллии Толибон ва сокинони оддӣ иштирок доштаанд.

То ба ҳол масъулияти ҳамларо касе ё гуруҳе бар уҳда нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG