Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Заҳматҳои Мессӣ барабас рафт" Аргентина – Исландия – 1:1


Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол 2018 дар Русия дастаи мунтахаби Аргентина бозии аввали гурӯҳи D-ро, ки шоми 16-уми июн дар варзишгоҳи «Откритие Арена»-и Маскав ба поён расид, бо тими миллии Исландия бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Бозии қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон Аргентина бо дастаи мунтахаби Исландия, ки барои аввалин бор ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфтааст, хеле пуршиддату ҷолиб сурат гирифт.

Бозигари аргентиниҳо Серхио Агуэро дар дақиқаи 19-ум ҳисобро кушод. Вале баъди чаҳор дақиқа исландиҳо ҳисобро баробар карданд. Тӯбро Алвред Финнбогасон ба ҳадаф расонд.

Дар нимаи дувуми бозӣ ҳарчанд аргентиниҳо барои голзанӣ имкониятҳои хуб доштанд, аз онҳо истифода карда натавонистанд. Бахусус заҳматҳои зиёди Лионел Месси барабас рафт. Зимнан, ӯ дар дақиқаи 64-ум тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ба ҳадаф расонида натавонист. Тӯби задаи ӯро дарвозабони мунтахаби Исландия Ханнес Тур Хадлдоурссон баргардонд.

Ҳамин тариқ, ин бозӣ ғайричашмдошт бо ҳисоби мусовии 1:1 ба охир расид.

Дар даври дувуми гурӯҳи D мунтахаби Аргентина 22-юми июн дар Нижний Новгород бо Хорватия, Исландия дар ин рӯз дар Волгоград бо Нигерия бозӣ мекунанд.

Ду бозии дигари имрӯз, 16-уми июн:

Гурӯҳи С. Перу — Дания. Саранск. «Мордовия Арена». Оғози бозӣ – соати 21:00.

Гурӯҳи D. Хорватия — Нигерия. Калининград. «Калининград Арена». Оғози бозӣ - соати 24:00.

Замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

Дар ин бора бештар бихонед:

Ҷоми ҷаҳонии футбол – 2018: Фаронса – Австралия - 2:1​

Ҷашну пойкӯбии мардуми Эрон пас аз пирӯзӣ бар Марокаш​

Пирӯзии Уругваю Эрон, мусовии Португалияву Испания ва шикасти Мисру Марокаш​

Ҷоми ҷаҳонии футбол: 5 голи Руcия ба дарвозаи Арабистони Саудӣ. АКС

XS
SM
MD
LG