Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашну пойкӯбии мардуми Эрон пас аз пирӯзӣ бар Марокаш


Пас аз пирӯзии як бар сифри тими миллии футболи Эрон муқобили Марокаш дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия мардуми Эрон дар хиёбонҳо ба ҷашну пойкӯбӣ пардохтанд.

Аксу наворҳои нашрушда дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки занону мардон, ҷавонон ва кӯдакон дар хиёбонҳо дар ҳоли рақсидан ва шодӣ ҳастанд.

Хабаргузории ИРНА навишт, дар Теҳрон то соати дуи бомдоди 16-уми июн ҷавонон дар хиёбонҳо дар ҳоли шодӣ ва пойкӯбӣ буданд.

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, бо нашри як акси худаш дар Твиттер навишт, “бо як бозии ҳисобшуда ва пирӯзии дилчасп ҳама миллати Эронро шод кардед”.

Дар бозии даври аввали гурӯҳи В рӯзи 15-уми июн тимҳои миллии Марокаш ва Эрон дар варзишгоҳи шаҳри Санкт-Петербург рақобат карданд. Ин бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи эрониҳо ба анҷом расид.

Бозии баъдии тими миллии футболи Эрон бо тими миллии Испания рӯзи 20-уми июн баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG