Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ва президентони дигар дар Ҷоми Ҷаҳонӣ


Аз ҷараёни кушоиши бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол-2018 дар қатори раҳбарони дигар кишварҳо инчунин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам мушоҳида мекунад. Ба иттилои расмӣ, дар ифтитоҳи бозиҳо раҳбарони тахминан 20 давлат, асосан ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин иштирок мекунанд. Дар миёни онҳо - президентони Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Кирғизистон - Сооронбой Ҷеенбеков, Озарбойҷон - Илҳом Алиев ва ҳамсараш Меҳрубон Алиева, раиси ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ва ҳамсараш Светлана Медведева ва дигарон қарор доранд. Бозиҳоро ба унвони мизбони сабқат президенти Русия Владимир Путин ҳусни оғоз бахшид.

Нахустин бозӣ дар чаҳорчӯби сабқати ҷаҳонии футбол дар майдони Лужникии Маскав баргузор мешавад, ки гунҷоишаш 80 ҳазор тамошобин аст.

Бозиҳои пуртарафдори футбол аз 14 июн то 15 июл идома мекунад.

XS
SM
MD
LG