Пайвандҳои дастрасӣ

То шурӯи Ҷоми ҷаҳонӣ соатҳои башумор мондааст


Шоми 14 июн дар Маскав даври 21-уми бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол шурӯъ мешавад. Бозиҳои нахустин миёни тимҳои Русия ва Арабистони Саудӣ дар варзишгоҳи марказии Лужникии Маскав барпо мешавад, ки барои беш аз 80 ҳазор тамошобин пешбинӣ шудааст.

Бозиҳо соати 6 бегоҳ шурӯъ мешавад, вале пеш аз он маросими кушоиши бозиҳо барпо хоҳад шуд, ки дар он президент Владимир Путин ва меҳмонҳои ӯ иштирок мекунанд. Барои ширкат дар ин маросим президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам даъват шудааст. Бозиҳо дар маҷмӯъ беш аз як моҳ идома карда бозии ниҳоӣ дар ҳамин варзишгоҳи Лужники рӯзи 15 июл баргузор хоҳад шуд.

Дар давоми ин моҳ 32 тим, аз ҷумла қаҳрамони феълӣ Олмон ҳам рақобат мекунанд. Дар давоми 32 рӯз қарор аст 64 бозӣ барпо шавад. Барои пазироии ин бозиҳо 12 варзишгоҳ дар 11 шаҳри Русия хизмат мекунанд. Мақомот гуфтанд, ки Русия барои омодагиҳо ба ин бозӣ 13 миллиард доллар маблағ сарф кардааст. Ҷоми ҷаҳонии футбол яке аз пуртарафдортарин маъракаҳои варзишӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Видеоҳои охирин

Дастури нави Трамп -- фарзанди муҳоҷирон аз волидонашон ҷудо карда намешаванд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:14 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG