Додгоҳи шаҳрии Бишкек 13 июн дархости вакилони сарвазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқовро барои тағйири қарори ҳабси пешакияш бетағйир гузошт. Вакилони дифоъ хостанд, ки ҳукми Исҳоқов ба ҳабси хонагӣ тағйир дода шавад.
Пештар Додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек қарор кард, ки Исҳоқов ба боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Қирғизистон интиқол дода шавад.
Дар назди бинои додгоҳи Бишкек даҳҳо одам бо талаби раҳоии сарвазири пешини Қирғизистон тазоҳурот карданд.
КДАМ Қирғизистон 5 июн Исҳоқовро бо гумони фасодкорӣ ҳангоми иҷрои тарҳи навсозии Маркази гармидиҳии Бишкек боздошт кард.
Ӯ ба он айбдор мешавад, ки гӯё ҳангоми сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон буданаш аз манфиатҳои ширкати хориҷӣ ҳимоят кардааст.
Худи сарвазири пешин ин айбро рад кард. "Комилан ноодилона аст", - гуфт ӯ баъд аз судури қарори ҳабсаш ба рӯзноманигорон.