Украина ба Додгоҳи байналмилалии СММ ёддошти муфассалеро фиристод, ки дар он Русия ба сармоягузории терроризм ва табъизи нажодӣ айбдор мешавад. Дар ин бора президенти Украина Петр Порошенко иттилоъ дод.
Ӯ амали Додгоҳи байналмилалии СММ-ро, ки барои ироаи ёддошти Украина зидди Русия маҳз 12 июн - Рӯзи Русияро муайян кардааст, "хеле рамзӣ" номид. "Ёддошт дар таҷрибаи додгоҳӣ шумори зиёди далелҳоро дар бар мегирад", - навишт Порошенко дар Твиттер. Вазири умури хориҷии Украина Павел Климкин ба воситаи Твиттер хабар дод, ки ёддошт аз 29 ҷилд ва 17,5 саҳифа иборат аст.
Муовини вазири умури хориҷии Украина оид ба масъалаҳои ҳамгироӣ бо Аврупо Елена Зеркал гуфт, эҳтимол аст, Москва ба монанди парвандаи "Гурҷистон зидди Русия" эътироз кунад, ки додгоҳи мазкур салоҳияти баррасии ин гуна масоилро надорад. Ба гуфтаи ӯ, омӯзиши ин масъала то якуним сол тӯл хоҳад кашид.
Киев моҳи январи соли равон низ хоста буд, ки Москваро ба сармоягузории терроризм айбдор карда, вазифадор кунанд, ки дастгирии ҷудоихоҳонро дар Донбасс қатъ ва барои сарнагунии ҳавопаймои "Боинг"-и Малайзия дар вилояти Донетску тирборон кардани сокинони осоишта дар шарқи Украина ҷуброн пардохт намояд.
Додгоҳи байналмилалии СММ 19 апрел даъвои Украинаро қисман қонеъ карда, Русияро вазифадор намуд, ки аз поймолкунии ҳуқуқи тоторҳои Қрим худдорӣ намуда, дастрасии омӯзиш бо забони украиниро дар нимҷазира таъмин кунад. Вазорати умури хориҷии Русия амали додгоҳи СММ-ро, ки ҳангоми баррасии даъвои Украина изҳороти Киев дар бораи мақоми Қримро "ҷонибдорӣ" накард, "муҳим" номид.