Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тифлис эътирозгаронро боздошт ва нишемани онҳоро вайрон карданд


Дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон даҳҳо узв ва ҷонибдори Ҳаракати воҳиди миллиро боздошт ва хаймаҳои онҳоро дар маркази шаҳр вайрон карданд.

Заал Удумашвилӣ, намояндаи Ҳаракат гуфт, миёни боздоштшудаҳо вакил Ника Мелия ва узви шӯрои шаҳрӣ Ираклӣ Надирадзе низ ҳастанд.

Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон хабар дод, ки Звиада Куправа - яке аз созмондиҳандагони эътирозҳо - боздошт шудааст.

Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Гурҷистон 31 май баъди эълони ҳукми ду марде шуруъ шуд, ки дар куштори як наврас айбдор мешуданд. Рӯзи 6 июн эътирозҳо қатъ, аммо 10 июн дубора шуруъ шуданд.

Эътирозгарон истеъфои ҳукуматро талаб доранд. Ҷамъомадаҳо мегӯянд, дар куштори наврасҳо афроди дигар ҳам даст доранд, аммо ба ҷавобгарӣ ҷалб намешаванд. Зеро дар мақомоти қудратӣ пуштибон доранд.

XS
SM
MD
LG