Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи беш аз 50 донишҷӯи хориҷӣ аз мактаби олии Бишкек


Хадамоти давлатии мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон хабар дод, ки кормандони яке аз донишгоҳҳои шаҳри Бишкек қаллобӣ кардаанд. Дар ин бора рӯзи 12 июн бахши Қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, 50 донишҷӯи хориҷӣ ба хадамот муроҷиат карданд. Донишҷӯён гуфтанд, аз моҳи сентябри соли 2017 ба ин тараф ҳар кадоми онҳо барои таҳсил 2900 долларӣ (дар маҷмуъ бештар аз 145 ҳазор доллар) пардохт кардаанд. Аммо ба онҳо расид дода нашуда ва маблағҳои пардохтаи онҳо ҳам ба хазина ворид нашудааст. Дар натиҷа донишҷӯён бо баҳонаи пардохт накардани ҳаққи таҳсил аз донишгоҳ ихроҷ шуданд.

Хадамоти мубориза зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ аз ин донишгоҳ ном намебарад.

Бо моддаи "Қаллобӣ" парванда боз ва афроди гумонбар ҷустуҷӯ мешаванд.

XS
SM
MD
LG