Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон пешниҳод дорад, чеҳраи шоҳидон иваз карда шавад


Додгоҳи олии Узбекистон пешниҳод дорад, ки дар ҳолатҳои зарурат тарҳи чеҳра ва шиносномаи шоҳидони мурофиаҳои додгоҳӣ иваз карда шавад.

Лоиҳаи қонун "Дар бораи ҷабрдидагон, шоҳидон ва дигар иштирокчиёни мурофиаҳои ҷиноятӣ", ки аз ҷониби Додгоҳи олӣ навишта шудааст, ба баррасии умумӣ гузошта шуд.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод шудааст, ки дар сурати зарурат чеҳра ва мушаххасоти шиносномаи шоҳидони мурофиаҳои додгоҳӣ иваз карда шавад.

Ҳамзамон дар лоиҳаи омадааст, ки чеҳраи шоҳидон бояд бо розигии худи онҳо сурат гирад. Сарфу харҷи барномаи ҳифзи шоҳидон аз буҷаи давлат пардохт мешавад.

XS
SM
MD
LG