Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӣ Ҷинпин гуфт, "беҳтарин дӯсти ӯ" Владимир Путин аст


Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, зимни мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳамкориҳои ду кишварро ситоиш карда ва Путинро “самимитарин дӯсти худ” хондааст.

Ду раҳбар рӯзи 8-уми июн дар шаҳри Пекин ва қабл аз нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гуфтугӯ кардаанд. Баъди мулоқот Сӣ Ҷинпин ба Владимир Путин нишони “Дӯстӣ” -ро тақдим карда ва гуфтааст, “Владимир Путин, раҳбари кишвари бузурги бонуфуз дар дунё аст. Ӯ дӯсти беҳтарин ва самимитарин дӯсти ман аст.”

Ба қавли Сӣ Ҷинпин новобаста аз ҳар тағйир дар авзои ҷаҳонӣ барои Чину Русия рушди ҳамкориҳо дар авлавият қарор дорад. Владимир Путин дертар гуфт, ки бо раҳбари Чин, гуфтугӯи “пурмаҳсул” доштааст.

XS
SM
MD
LG