Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури Маскав муаррихонро ваҳшатзада кард


Гулаг
Гулаг

Мақомоти Осорхонаи таърихи Гулаг дар Русия мегӯянд, яке аз муаррихон дастури ҳукумат аз соли 2014-ро пайдо кардааст, ки дар он омадааст, санадҳои боқимонда дар бораи асирони он замон дар аҳди Шӯравиро нобуд кунанд.

Муаррихон гуфтаанд, ки чунин кор барои онҳо “фалокатовар” хоҳад буд. Бино ба гузоришҳо санадро Сергей Прудовски, пажӯҳишгари рус пайдо карда ва онро дар Интернет гузоштааст. Ин санад, ки ба Осорхонаи таърихи Гулаг ҳам расидааст, муаррихонро нигарон кард ва Кумиссиёни ҳуқуқи башари Русияро водор кард, масъаларо дар миён бигузорад.

Дар солҳои 1930 то соли 1940 мақомоти Иттиҳоди Шӯравии собиқ 17 миллион нафарро ба зиндонҳои ваҳшатноки Гулаг фиристодаанд ва 5 миллион нафари онҳо бе ҳеҷ гуноҳе ба ин урдӯгоҳҳо рафтаанд. Дар урдӯгоҳҳои Гулаг теъдоди маҳбусон ба 2 миллион ҳам расидааст.

XS
SM
MD
LG