Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Саймумин Ятимов бо мақомоти амниятии Покистон


Саймумин Ятимов
Саймумин Ятимов

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 8-уми июн бо Ҷовид Баҷва, фармондеҳи артиши Покистон дар бораи ҳамкориҳо ва амнияти минтақа гуфтугӯ кардаанд.

Дар баёнияи расмии артиши Покистон омадааст, ки дар мулоқот, ҳамчунин нақши Покистон дар таъмини амният дар минтақа баррасӣ шудааст. Аз ин пештар Саймумин Ятимов бо Носирхон Ҷанҷуа, мушовири амнияти миллӣ дар ҳукумати Покистон мулоқот доштааст.

Ба гуфтаи мақомоти Исломобод, Саймумин Ятимов ба барқарории сулҳ дар Афғонистон таъкид карда ва гуфтааст, ки “Афғонистон амну ором, ба ҳайси пуле байни Тоҷикистону Покистон хидмат хоҳад кард.”

Дар баёнияи мақомоти Покистон омадааст, ду тараф ба мувофиқ расиданд, ки Тоҷикистону Покистон бояд ба хотири амнияту субот дар минтақа ва тақвияти иртибототу рушди иқтисодӣ ба самти ҳамкориҳои стротегӣ ҳаракат кунанд. Саймумин Ятимов, миёнаҳои ҳамин ҳафта ҳамроҳ бо як ҳайати расмӣ вориди Исломобод шудааст.

XS
SM
MD
LG