Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон вайронкунандагони қонуни муҳоҷиратро афв мекунад


Ҳукумати Туркманистон масъалаи афви шаҳрвандонеро баррасӣ дорад, ки қонунгузории муҳоҷиратро вайрон кардаанд. Ин меъёр ба онҳое рабт мегирад, ки дар хориҷ аз кишвар ҳузур доранд ва натавонистаанд сари вақт шиносномаи биометрии Туркманистонро дарёфт кунанд.

Ҳукумат гуфтааст, муҳоҷироне, ки ихтиёран ба кишвар бармегарданд, аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд шуд. Мақомоти Туркманистон меъёрҳои мазкурро ба шаҳрвандон шарҳ медиҳанд.

Шиносномаи биометрӣ, ки соли 2013 дар Туркманистон ҷорӣ шуд, ягона ҳуҷҷате аст, ки барои шаҳрвандони он кишвар ҳаққи хориҷ ва дохил шуданро медиҳад.

Замони ҷорӣ кардани ин ҳуҷҷат бисёре аз туркманистониҳо дар хориҷ ҳузур доштанд ва то кунун шиносномаи биометрӣ дарёфт накардаанд.

Видеоҳои охирин

"Мошинронии занони саудӣ ба нафъи кишвар ва оила аст"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG