Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наргис барои таҳдиди фош кардани акси муштариаш кушта шуд


акс аз бойгонӣ аст
акс аз бойгонӣ аст

Додгоҳе дар вилояти Маскав ду марди тоҷики муттаҳам дар куштори як зани фоҳишаро ба 7 ва 8 соли зиндон маҳкум кард.

Вебсайти "Московский Комсомолец" рӯзи 7-уми июн навишт, Наргиси 20-сола аз Тоҷикистон, ки дар Русия аз роҳи танфурӯшӣ пул ба даст меовард, барои шантаж ё таҳдиди фош кардани аксҳои маҳрамонаи марди тоҷике бо номи Ҷаҳонгир кушта шудааст. Нашрия бар асоси хулосаи додгоҳ мегӯяд, Ҷаҳонгир дар вилояти Маскав таксиронӣ мекард ва бо Наргис робитаҳои ошиқона дошт.

Додгоҳ гуфт, Наргис Ҷаҳонгирро таҳдид кардааст, ки агар робитаи ошиқонаро бо ӯ қатъ кунад, аксҳои маҳрамонаашро аз телефони худ ба ҳамсару аҳли хонаводаи Ҷаҳонгир мефиристад.

Дар натиҷа, Ҷаҳонгир аз Ҷасур ном як тоҷики дигаре хоҳиш мекунад, ки нақшаи куштори духтарро иҷро кунад. Ҷасур пас аз иртиботи ҷинсӣ бо Наргис ӯро бо истифода аз латтае буғӣ карда мекушад. Дар хабар таърихи содир шудани ҳукм ва қатли духтари тоҷик нашр намешавад.

Танфурӯшӣ дар Русияро бархе духтарони тоҷики мӯҳтоҷи кор ба манбаи даромад табдил додаанд. Гоҳо полиси ин кишвар хабарҳои ошкор шудани фоҳишахонаҳои махфиро ҳам нашр мекунад, ки дар он дар баробари дигари занони сокини кишварҳои Осиёи Марказӣ, тоҷикон ҳам кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG