Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳҳои беҳтар кардани муносибат. Номаи амири Қатар ба Э.Раҳмон


Шайх Тамим Ҳамад Ал-Сонӣ – амири Қатар – ба унвонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нома фиристодааст. Тавре Хадамоти матбуоти амир Шайх Тамим гуфт, дар нома масъалаи равобити дуҷониба ва роҳҳои беҳтар кардани он матраҳ шудааст.

Дар ин иттилоия, ки рӯзи 6-уми июн нашр шуд, гуфта мешавад, номаи амирро Алӣ бин Муборак Ал-Муҳаннадӣ, сафири фавқулода ва мухтори Қатар дар Тоҷикистон ҳини мулоқаташ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин супурдааст.

Дар мавриди муҳтавои нома чизе аз ин бештар гуфта намешавад. Аммо Тоҷикистон бо ин кишвари арабӣ муносиботи танготангеро ба роҳ мондааст.

Бо беш аз 75 миллион доллар сармояи Қатар дар Тоҷикистон бузургтарин масҷид дар Осиёи Миёна бунёд мешавад.

XS
SM
MD
LG