Пайвандҳои дастрасӣ

Додситони собиқи Узбекистон 24 тани дигарро ба ҳабс бурд


Додситони кулли Узбекистон рӯзи 5 июн барои рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор кард. Дар ин нишаст гуфта шуд, ки дар доираи парвандаи ҷиноятии зидди додситони кулли пешин Рашид Қодиров нисбати 24 нафар айб эълон шудааст. Аз ин шумор 21 танро ба ҳабс гирифтанд.

"Мақомоти тафтишотӣ дар доираи парвандаи ҷиноятии Рашид Қодиров ҳолатҳои фасодкорӣ ва дигар ҷиноятҳоро ошкор карданд", - хабар доданд дар додситонии кулли Узбекистон.

Додситони пешини Узбекистон 22 феврали соли ҷорӣ боздошт шуд. Вай дар тамаъҷӯӣ, сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва фасодкорӣ айбдор мешавад.

Қодиров соли 2000-ум додситони кулл таъйин шуд ва моҳи апрели соли 2015 барканор гардид. Алишер Қодиров, писари Рашид Қодировро бо гумони тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ эълон карданд. Зидди падару писар то имрӯз дар ҳаҷми ним миллиард доллар шикоят ворид шудааст.

Видеоҳои охирин

Нозири БДА бо мошинаш як сокини шаҳри Кӯлобро зер кард
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:46 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG