Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бенямин Нетаняҳу ба хотири баррасии мавзӯи Эрон ба Олмон меравад


Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу барои баррасии барномаи ҳастаии Эрон ва ҳам берун кардани нирӯҳои эронӣ аз хоки Сурия ба Олмон, Фаронса ва Бритониё сафар мекунад. Дар чаҳорчӯби сафари чоррӯзааш ба Аврупо қарор аст шоми 4 июн дар Берлин бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел дидору гуфтугӯ кунад. Нетаняҳу гуфт, ки бо раҳбарони се кишвари аврупоӣ мавзӯи “Эрон ва боз ҳам Эрон”-ро баррасӣ мекунад. Вай гуфт, ки ба “масъалаи принсипиалӣ пойфишорӣ хоҳад кард, ки Исроил хостори боздоштани ҳузури низомии Эрон дар хоки Сурия аст”. Моҳи гузашта Вашингтон гуфт, ки аз созиши ҳастаии соли 2015 бо Эрон берун мешавад ва дар иваз болои ин кишвар таҳримҳои шадидтари нав ҷорӣ мекунад. Вашингтон гуфт, ки Теҳрон аз роҳи маблағгузории ҷангиёну хушунатҳо дар Ховари Миёна ва ҳам санҷиши силоҳҳои баллистикӣ “рӯҳи” созиши ҳастаиро нақз кардааст. Исроил аз ин иқдоми президенти ИМА Доналд Трамп пуштибонӣ кард.

Видеоҳои охирин

Норак баъди чор моҳи ҳамла ба сайёҳон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:01 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG