Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон донишҷӯён ҳамдарси худро то мурдан заданд


Дар вилояти Намангони Узбекистон 1 июн донишомӯзони Коллеҷи агроиқтисодии ноҳияи Тӯрақурғон як ҳамдарси худро то дами марг латтукӯб карданд. Ба гуфтаи шоҳидон, А.Т.-ро ҳамдарсонаш бо вуҷуди он ки мегуфт, рӯзадор аст, ҷанг намекунад, зери мушту лагад қарор доданд.

Дар ин бора рӯзи 4 июн бахши Узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.

Сабаби сар задани фоҷеа гуфта намешавад.

Донишомӯзи 19-солаи Коллеҷи агроиқтисодии Тӯрақурғон бо номи А.Т. дар натиҷаи бардоштани захмӣ зиёд нимаи дувуми 1 июн ҷон бохтааст.

“Ҷанҷол нахуст дар дохили бино оғоз шуда, баъдан се донишомӯз А.Т.-ро ба саҳни коллеҷ бароварда, латтукӯб кардаанд. Писарбача муқобилият нишон надодааст ва гуфта, ки рӯзадорам, ҷанг намекунам. Вале ҳамдарсонашон ӯро то дами марг заданд. Дар натиҷа А. Т. беҳуш шуда, дар ҷои ҳодиса ҷон додааст”, - гуфт яке аз омӯзгорони коллеҷ.

Як корманди пулиси вилояти Намангон гуфт, латтукӯбкунандагони донишомӯзро боздошт карданд. “А.Т. воқеан рӯзадор будааст. Қотилон боздошт шуда, тафтишот идома дорад”, - афзуд ӯ.

Видеоҳои охирин

Кам ё зиёд? Вокуниши сокинон ба афзоиши маош дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:06 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG