Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Мирсаидов 8 июн дар Хуҷанд оғоз мешавад


Хайрулло Мирсаидов

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 8-уми июн ба баррасии парвандаи Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон, шурӯъ хоҳад кард.

Ҷӯрахон Раҳмон, муовини раиси Додгоҳи Хуҷанд, рӯзи 4-уми июн гуфт, мурофиа дар шакли боз доир мегардад. Тафтиши ибтидоии парвандаро додситонии вилояти Суғд дар 6 моҳ анҷом дод.

Хайрулло Мирсаидов бар асоси 4 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла "барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабӣ" муттаҳам эълон шуда буд. Вале 21-уми майи имсол додситонӣ гуфт, тафтишот ин моддаро бинобар сабаби исбот нашудан аз парвандаи Хайрулло Мирсаидов берун кард.

Инчунин, тафтиши додситонӣ маълум кардааст, ки ӯ на беш аз 300 ҳазор сомонӣ пули буҷет, балки тақрибан 100 ҳазор сомониро гӯё "барои харҷҳои хусусӣ ва ғайримақсаднок" истифода намудааст.

Ба ин тартиб, Хайрулло Мирсаидов дар додгоҳ аз рӯи моддаҳои "аз они худкунӣ ё исрофкорӣ" (банди 245), "сохтакорӣ" (340) ва "дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ (моддаи 346)" посух хоҳад дод.

Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир гардид, ки дар як изҳороти чопӣ дар интернет иддао кард, сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти дастаи КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад. Зоҳидзода шаъну шарафи худро поймолшуда донист ва ба додситонӣ шикоят бурд.

Ӯ 6 моҳ боз дар боздошгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд дар ҳабс қарор дорад.

Боздошти Мирсаидов боис ба интиқоди зиёди созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва дигарон шуд. Онҳо озодшавии билофосилаи журналисти маъруф ва ташкили додгоҳи озоду мунсифонаро талаб доранд.

Видеоҳои охирин

"Хоҳиш, ҳамин дастаро ба тартиб дароред"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG