Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лутсенко гуфт, Русия мехост, 47 нафарро бикушад


Аркадий Бабченко ва Юрий Лутсенко
Аркадий Бабченко ва Юрий Лутсенко

Мақомоти Украина иддао доранд, феҳрасти 47 нафар ва аксаран хабарнигоронро ошкор карданд, ки ҳадафи сӯиқасди эҳтимолӣ аз тарафи Русия будаанд.

Ба гуфтаи онҳо, феҳраст дар натиҷаи саҳнасозии баҳсбарангези марги Аркадий Бабченко, хабарнигори рус ба даст омадааст. Юрий Лутсенко, додситони кулли Украина рӯзи 1-уми июн дар Фейсбук навишт, саҳнасозии қатли Бабченко ба хадамоти амниятӣ кӯмак кард, феҳрасти 47 хабарнигори украинӣ ва ҳам хабарнигорони табъидии русро ба даст биёранд, ки “мумкин буд қурбонии баъдии террористон мешуданд.”

Аз ин пештар мақомоти Украина мегуфтанд, ки Хадамоти махсуси Русия 30 нафарро барои сӯиқасд интихоб кардаанд. Юрий Лутсенко гуфтааст, ки онҳо ҳамаи 47 нафарро аз эҳтимоли ҳадаф гирифтанашон огаҳ кардаанд ва барои таъмини амниятаашон тадбир андешидаанд.

Русия ба иддаоҳои Украина вокуниш нишон надодааст. Матвей Ганаполски хабарнигори радиои Эхо Москви дар Киев ба ҳамин радио гуфт, ки маъмурони Хадамоти махсуси Украин ӯро даъват кард ва ба гуфтаанд, ки ба ҷони ӯ ва Евгений Киселев хабарнигори дигари шинохта хатар таҳдид мекунад.

Саҳнасозии қатли Аркадий Бабченко, ки аз забони мақомоти Украина аввал садо дод, баҳси зиёдеро дар ҷомеаи хабарнигорӣ барангехт.

XS
SM
MD
LG