Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фахриддинро баъди шикояташ ба ҳомиёни ҳуқуқ аз Русия ронданд


Фахриддин Тағоймуродов ҳамроҳ бо вакили дифо Пётр Хромов
Фахриддин Тағоймуродов ҳамроҳ бо вакили дифо Пётр Хромов

Мақомоти интизомии Русия як ҷавони 24-солаи тоҷикро, ки аз рафтори маъмурони милиса ба ҳомиёни ҳуқуқ шикоят кардааст, аз ин кишвар «депортатсия» ва ё хориҷ кардаанд.

Фахриддин Тағоймуродов, сокини шаҳри Панҷакентро баъди шикояташ ба созмони ғайриҳукуматии «Кумитаи зидди шиканҷа», ба халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва нақзи муқаррароти иқомат гунаҳкор карда ва рӯзи 1-уми июн ба Тоҷикистон хориҷ кардаанд.

Худи Фахриддин рӯзи 2-уми июн зимни сӯҳбат аз шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ қонунеро помол накардааст ва сабаби ихроҷаш танҳо шикоят буд, ки «барои кормандони милиса проблемаи калон сохтааст».

Фахриддин Тағоймуродов гуфт, баъди як моҳи шикояташ аз бадрафтории маъмурони милиса, ҳамкорони онҳо дар вилояти Маскав рӯзи 28-уми май, дари хонаашонро шикаста даромада ва ӯро бо иттиҳоми нақзи муқаррароти иқомат ба идораи милиса бурданд ва баъди 5 рӯз бо ҳукми додгоҳ ӯро аз Русия ихроҷ карданд.

Ба ман гуфтанд, бо меравӣ, гуфтам, вақт надорам, хостам ба навор гирам, телефонро кашида гирифтанд ва маро ба зӯр ба мошин андохта ба идораи милиса бурданд.

Ба гуфтаи Фахриддин, маъмурони милиса рӯзи 28-уми апрел дар шаҳри Дзержинский дастгир карда гуфтаанд, ки «Бо мо меравӣ». Дар посух ба суоли Фахриддин барои сабабҳои нигаҳ доштанаш ва саъйи ӯ барои сабти муколама, яке аз кормандони милиса телефонро аз дасташ гирифта ва як шаппотӣ ба рӯяш задааст.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, баъд аз ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба идораи милисаи ноҳияи «Люберетское» оварда ва дар онҷо ҳам ба мушти сахте ба қафаси синааш задаанд. Фахридддин Тағоймуродов ба ҳуқуқшиносони «Кумитаи зидди шиканҷа» нақл кардааст, ки «бо вуҷуди дарди сахт, маъмурони милиса нахостаанд, табибонро даъват кунанд ва гуфтаанд, ки чаро мисли «бева» менолӣ ва тавҳину таҳқири нажодӣ кардаанд».

Дар назди идораи милиса
Дар назди идораи милиса

Дар баёнияи «Кумитаи зидди шиканҷа» омадааст, ки ба Фахриддин Тағоймуродов муяссар шудааст, худаш мошини ёрии фаврии тиббиро даъват кунад, аммо то расидани мошин ҳам, афсарони милисаи Русия ин дафъа ӯро зери мушту лагад гирифтаанд. Табибон баъди муоинаи тиббии шаҳрванди Тоҷикистон гуфтаанд, ки «қафаси синаи ӯ осеб дидааст.»

Петр Хромов, ҳуқуқшиноси кумита гуфтааст, ки боздоштшударо баъди як рӯз бе гирифтани ҳеҷ гуна баёнот ва забонхат ва эрод ҷавоб додаанд. Ва ӯ ҳам зери ҳеҷ санаде имзо нагузоштааст. Баъди муроҷиати Фахриддин ба ҳомиёни ҳуқуқ, онҳо рӯзи 11-уми май ба Кумитаи тафтишоти шаҳри Любертси дар вилояти Маскав барои тафтиши қазия дархост фиристодаанд.

Бо садои баланд, гапи қабеҳ мезад, раҳгузаронро озор медод ва бо рафтораш, тартиботи ҷамъиятиро халалдор карда, ошкоро беэҳтиромиашро ба ҷомеа нишон медод.

Баъди ин маъмурони милисаи шаҳр ба зидди Фахриддин Тағоймуродов парванда боз карда ва рӯзи 27-уми май ба додгоҳ фиристодаанд. Онҳо гуфтаанд, ки Фахриддин рӯзи 23-уми апрел дар кӯча «бо садои баланд, гапи қабеҳ мезад, раҳгузаронро озор медод ва бо рафтораш, тартиботи ҷамъиятиро халалдор карда, ошкоро беэҳтиромиашро ба ҷомеа нишон медод.»

Маъмурони милисаи вилояти Маскав ҳамчунин гуфтаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон ба риоят накардани муқаррароти иқомат муттаҳам мешавад. Додгоҳи Русия субҳи 28-уми май баъди баррасии парванда Фахриддин Тағоймуродовро гунаҳкор дониста ва амр додааст, ки баъди супурдани ҷарима ба қонуншиканӣ дар Русия, ӯро аз кишвар хориҷ кунанд. Фахриддин мегӯяд, ҷарима барои қонуншиканӣ ва пули билети ҳавопаймояш ба Тоҷикистонро ширкати кордиҳанда пардохтааст.

Петр Хромов, ҳуқуқшиноси «Кумитаи зидди шиканҷа» гуфтааст, ки баррасии ӯ бо қонуншикании зиёд, бе вакили дифоъ сурат гирифтааст ва мақомоти Русия боре ҳам аз боздошти шаҳрванди Тоҷикистон боре ҳам консулгарии кишварро огаҳ накардаанд.

Бо назардошти ҳамаи ин ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳукми додгоҳи шаҳрӣ ба додгоҳии вилояти Маскав шикоят бурдаанд. Фахриддин, ки дар семинарҳои омӯзишӣ барои муҳоҷирон ширкат кардааст, мегӯяд, дар сурати лағви ҳукми додгоҳ ҳақ дорад, ба Русия баргардад.

Дар Русия садҳо ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд ва шикоят аз бадрафтории маъмурони милиса бо онҳо бисёр зиёд аст.

Гузориш дар бораи латукӯби шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи маъмурони милисаи Русия дар рӯзе нашр шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия дар шаҳри Душанбе даъват кард, шароити ҳуқуқӣ ва иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия беҳтар карда шавад.

XS
SM
MD
LG