Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 ва нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Русия


Дар остонаи Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия, созмони ҳомии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch бо нашри гузорише гуфт, ки дар ҷараёни омодагиҳо ба ин маъракаи варзишӣ, мақомот ҳуқуқи муҳоҷирони кориро нақз кардаанд.

Ҳалокати 21 коргар дар бунёди варзишгоҳҳо

Дар гузорише бо номи "Роҳнамои ҳуқуқи башар барои хабарнигорон", ки рӯзи 15-уми май нашр шуд, гуфта мешавад, ки дар пушти деворҳои баланди варзишгоҳҳои замонавиву меҳмонхонаҳои шик, ҳодисаҳои зиёди нақзи ҳуқуқи коргарон мушоҳида шудааст. Ин коргарон аксаран муҳоҷирони корӣ ҳастанд, ки аз кишварҳои дигар ба Русия омаданд. Бозиҳо аз 14 июн то 15-уми июл дар 11 шаҳри Русия баргузор хоҳанд шуд.

Сохтмон як бахши умдаи кори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи як мақоми ҳукумати Тоҷикистон, ба унвонии онҳо ҳеҷ шикояте дар заминаи пардохт нашудани маошашон нарасидааст.

Русия дар амри омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳонии футбол дар чандин шаҳру манотиқи кишвар 10 варзишгоҳи азим ва сохторҳои ёрирасон барои истиқболи меҳмонҳои хориҷӣ бунёд кард. Корҳои омодагӣ ва навсозӣ дар фурудгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, роҳҳо ва нақлиёт анҷом шудааст. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ширкатҳо даҳҳо ҳазор нерӯ, аксар муҳоҷиронро аз собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ ҷалб кардаанд.

Гузоришгарони ин созмон солҳои 2016 ва 2017 аз 7 макони бунёди варзишгоҳҳое дидан кардаанд, ки дар он бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ баргузор хоҳанд шуд. Муҳаққиқони ин созмон мегӯянд, дар ҷараёни ин пажӯҳиш айни ҳамон қонуншиканиву мушкилотеро сабт кардаанд, ки дар ҷараёни омодагиҳо ба ташкили бозиҳои зимистонаи Олимпии соли 2014 дар Сочии Русия сабт карданд.

Апрели соли ҷорӣ дар гузориши як созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи коргарон гуфта шуд, ки дар сохтмони варзишгоҳҳои Ҷоми ҷаҳонӣ 21 коргар ба ҳалокат расид. Дар миёни қонуншиканиҳо - набуди созишномаи кор бо коргарон ва дигар санадҳои зарурии ҳуқуқӣ, таъхир дар пардохти маош, ки гоҳҳо 4 то 5 моҳ тӯл кашидааст ва кори маҷбурӣ дар ҳавои сарди зимистон бидуни ғизои гарму васоили гармидиҳӣ, мебошанд.

Гузориш мегӯяд, на Федератсияи байналмилалии футбол ва на ҳукумати Русия омори дақиқи коргаронро нашр кардаанд, ки дар бунёди иншоотҳои варзишӣ ба кор ҷалб шудаанд. Шумори тахминии онҳо даҳҳо ҳазор нафар гуфта мешавад. Нақзи ҳуқуқи коргаронро дар Русия Human Rights Watch як мушкили қадимаву усулӣ меномад ва мегӯяд, дар гузоришҳои солҳои 2009 ва 2013 аз ингуна ҳодисаҳо зиёд хабар додааст.

"Ширкатҳо маоши муҳоҷиронро надоданд"

Гузориш ёдовар мешавад, ки декабри соли 2013 дар пайи чандин таҳқиқот муфаттишони рус маълум кардаанд, ки ширкатҳои сохтмонӣ дар амри омодагӣ ба бунёди иншоотҳои олимпӣ ба маблағи умумии 277 миллион рубл (муодили 8,3 миллион доллар) дар баробари коргарон қарздор шудаанд ва маълум нест, ки ин маблағҳо пардохт шуданд ё на.

Масалан, чор коргари варзишгоҳи Калининград гуфтаанд, ки танҳо баъди шаш моҳи кор онҳо аз кордиҳанда созишнома дарёфт карданд, вале шароити навишташуда дар он мувофиқ ба қонуни кор набуд. Дар натиҷа, пули ба даст гирифтаи онҳо нисфи маблағе буд, ки дар созиш навишта шудааст.

Коргарони варзишгоҳҳои Маскав ва Санкт-Петербург гуфтаанд, ки таъхир дар дарёфти маошашон то панҷ моҳ тӯл кашида, бархе камтар аз маблағи ваъдашуда ба даст гирифтаанд. Коргарон дар варзишгоҳи Екатеринбург моҳи январи соли 2017 гуфтаанд, ки кордиҳанда маҷбур мекунад дар 25 дараҷа сардӣ кор кунанд ва айни замон, барои гарм шудану истеъмоли ғизои муносиб, шароит фароҳам намеорад. Кори онҳо 9 соат идома мекунад.

Дар гузориши Human Rights Watch аз мақомоти Федератсияи байналмилалии футбол тақозо шудааст, ки ба масоили нақзи ҳуқуқи коргарон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ бидиҳанд. Гузориши мазкур аз ҳеҷ кишвар ё шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ ном набурдааст, вале дар як маврид гуфтааст, ки кордиҳандагон дар сохтмон шаҳрвандони Кореяи шимолиро ҷалб карда, онҳоро дар шароити сангин маҷбур кардаанд, ки кор кунанд.

"Аз номи муҳоҷирони тоҷик ҳеҷ шикояте ворид нашудааст"

Сохтмон як бахши умдаи кори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи як мақоми ҳукумати Тоҷикистон, ба унвонии онҳо ҳеҷ шикояте дар заминаи пардохт нашудани маошашон нарасидааст.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия.
Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 16-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар 11 минтақае, ки объектҳои футбол сохта шуд, аз номи шаҳрвандони тоҷик ба мо дар мавриди напардохти музди меҳнат ягон шикоят ворид нашудааст."

Вале августи соли 2017 гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сохтмони варзишгоҳе дар шаҳри Калинингради Русия ҷалб шуданд, аз пардохт нашудани маошашон дар давоми панҷ моҳи корӣ шикоят карданд. Ин муҳоҷирон гуфтанд, ки дар варзишгоҳе, ки барои бозиҳои ҷаҳонӣ омода мешавад, беш аз садмуҳоҷири тоҷик кор мекунад.

Саид Ҳакимов, як муҳоҷири 45-солаи тоҷик он замон гуфта буд, ки маоши ӯ дар ҳаҷми 30 ҳазор рубл дар моҳ танҳо баъди гузашти қариб ним сол пардохт шуд. Сабаби дер пардохт шудани маоши муҳоҷиронро корфармоён ба таъхир дар дарёфти маблағи будҷаи давлати Русия рабт додаанд. Муҳоҷирон гуфтанд, ки давоми панҷ моҳи интизорӣ ҳамеша ваъда мешуниданд, ки дар охиримоҳ ҳаққи заҳматашон пардохт мешавад

Он замон Иброҳим Аҳмадов гуфта буд, ки дар як соли охир бо талоши мақомоти тоҷик дар Русия дар маҷмӯъ беш аз 50 миллион рубли коргарон аз дасти корфармоён баргардонида шуд. Маълум нест, ки чӣ шуморе аз онҳо дар объектҳои ҷоми футбол кор мекарданд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG