Пайвандҳои дастрасӣ

"Мадраса"-и Қорӣ Абдукаримро бастанд


Мақомоти Тоҷикистон алайҳи Абдукарим Саидов, маъруф ба Қорӣ Абдукарим, сокини чиҳилсолаи шаҳри Норак бо иттиҳоми ташкили мадрасаи ғайриқонунӣ парванда боз кардаанд. Ба ӯ пардохти садҳо сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.

Ягон дафъа аз касе пул талаб накардаам. Касе чизе хост, дод. Ҳеҷ гоҳ талош надоштам, ақидаҳои бегонаро ба сари кӯдакон бор кунам. Аввал ба як нафар дарс медодам...

"Дур аз мактаб ва дур аз хонавода"

Мақомоти умури дин дар Тоҷикистон гуфтанд, ки мадрасаро тайи як амалиёт дар деҳаи Тутқавули шаҳри Норак ошкор карданд. Онҳо гуфтанд, Қорӣ Абдукарим моҳи июни соли 2017 фаъолияти ин мадрасаи, ба қавли онҳо, ғайриқонуниро ба роҳ монда, ба ҳашт нафари аз 6 то 16-сола таълими динӣ медод.

"Наврасон дар ин мадраса танҳо таълими исломӣ гирифта, аз таҳсил дар мактабҳои миёна ва аз хонаводаи худ дур буданд", - гуфт як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 30-юми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

"Мударрис" - фориғуттаҳсили Донишкадаи исломӣ?

Мақомот мегӯянд, волидони наврасон ҳар моҳ ба Қорӣ Абдукарим аз 300 то 500 сомонӣ пул дода, инчунин, бо маводи ғизоӣ таъмин мекарданд. Бар зидди волидон низ бо иттиҳоми нақзи қонуни масъулияти падару модар парванда боз шудааст.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Абдукарим Саидов, сокини шаҳри Норак, рӯзи 30-юми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки чанд рӯз барои бозпурсӣ даъват шуд ва ҳоло интизори хулосаи додгоҳ нишастааст. Ӯ иддао дорад, ки Донишкадаи исломии Тоҷикистонро бо ихтисоси “мударрис” хатм карда, аммо аз манъи таълими динӣ дар хона иттилоъ надошт.

“Ягон дафъа аз касе пул талаб накардаам. Касе чизе хост, дод. Ҳеҷ гоҳ талош надоштам, ақидаҳои бегонаро ба сари кӯдакон бор кунам. Аввал ба як нафар дарс медодам. Пас аз онки ҳама фаҳмид, қории Қуръон ҳастам, фарзандонашонро барои гирифтани таълим ба назди ман оварданд. Касеро маҷбурӣ ба таълими динӣ фаро нагирифтаам”, - афзуд ӯ.

"Вақте мағз холист..."

Дар пайи қабул ва мавриди иҷро қарор гирифтани Қонун дар бораи "озодии виҷдон" дар соли 2009-ум, таълими динӣ бидуни дарёфти литсензия ё иҷозати Кумитаи дин мамнӯъ шуд. Бар асоси ин қонун ҳар нафаре, ки мехоҳад таълими динӣ диҳад, аз ниҳоди умури дин бояд иҷозат гирад.

  • Мақомот борҳо гуфтаанд, ки чунин тасмим ба хотири танзими таълими динӣ ва пешгирӣ аз ифротгароӣ гирифта шудааст. Аммо баъзе аз сокинон чунин маҳдудиятҳоро нақзи аҳолии мусалмони Тоҷикистон донистанд.

Саиданвар, як сокини ноҳияи Шаҳринавро ду сол пеш барои таҳсили ғайрирасмии писараш ҷарима карданд. Ӯ рӯзи чоршанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зиёд мехост писараш аз хурдӣ аҳкоми шариатро дуруст аз худ кунад. "Дар сурати холӣ будани мағзи ҷавон қабули ақидаи бегона бештар ҷой мегирад. Ҳамагӣ ду моҳ хонд. Худам назорат мекардам. Дар баробари ин, ба мактаб ҳам мерафт. Ҳеҷ гоҳ бемасъулияти набуд. Дар Тоҷикистон, ки манъ аст, дигар илоҷ нест. Худам дар хона ба фарзандон донишҳои асосии диниро мемоӯзонам", - афзуд ӯ.

Ҷаҳонбинии “асримиёнагӣ”?

Файзулло Баротзода
Файзулло Баротзода

Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон, рӯзи 30-юми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ, сабаби аслии ҷалби наврасон ба таълими ғайрирасмиро ба сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва динии як гуруҳ аз шаҳрвандони кишвар рабт дод. Вай гуфт, “ин ҳолат аз он дарак медиҳад, ки дар байни як қишри мардум ҳанӯз ҷаҳонбинии “асримиёнагӣ” бартарӣ дорад ва мардум аз ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури дунявӣ, пешрафти фановариҳои ҷадид огоҳ нестанд.»

Баротзода афзуд, «бо ташабусси ҳукумат китоби “Фиқҳи исломӣ” дар ҳаҷми 752 саҳифа нашр шуд, ки мусулмонони Тоҷикистон тамоми ҷузъиёти диниву мазҳабӣ ва ибодатии худро аз матни он пайдо карда метавонанд.”

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

Алтернатива кадом аст?

Таҳлилгарон мегӯянд, манъи ҳама иқдом дар кишвар осон аст, аммо набояд ба ҷои салла калла овард. Онҳо мегӯянд вақте таълими динӣ дар хонаҳо манъ шуд, бояд роҳҳои дигар ба мардум пешниҳод шавад. Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари тоҷик, гуфт, «пешниҳод кардан мумкин буд, марказҳои исломшиносӣ ташкил шавад. То ҳам ба фоидаи давлат ва ҳам сокинон бошад. Вале барои ин боз мутахассис лозим аст, вале мо чандон мутахассисони зиёд надорем”.

Бо ин ҳама, ин таҳлилгар мегӯяд, азбаски омӯзиши аркони ислом барои ҳар як пайрави дин фарз аст, беҳтар аст таълимоти исломро ҳар кас ба фарзандон дар хона бифаҳмонад.

Қаблан дар Тоҷикистон тақрибан 20 мадраса сабти ном шуда буд. Солҳои охир ҳамаи онҳо баста шуда, танҳо як Гимназияи исломӣ боқӣ монд, ки ба таълими руҳониёни оянда машғул хоҳад буд.

  • 16x9 Image

    Сарвинози Руҳуллоҳ

    Аз соли 2012 дар дафтари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад.

    Факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

    Қаблан корманди радиои "Имрӯз", хабаргузории "Тоҷнюс", Оҷонсии иттилоотии "Ховар" ва радиои "Ховар" буд

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG