Пайвандҳои дастрасӣ

"Хоҷа Машҳад". Мазори 60 донишманди тоҷик дар Шаҳритус. ВИДЕО


Бостоншиносон мегӯянд, ки ёдгории таърихии Хоҷа Машҳад, воқеъ дар наздикиҳои деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритус, таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Гуфта мешавад, он машҳуртарин маркази илмӣ дар Роҳи Абрешим буда, донишманд ва файласуфи бузург Ҳаким Носири Хусрав низ дар инҷо таҳсил кардааст.

Бар пояи ривоятҳо, дар ин макон то 60 донишманд дафн шудаанд, ки ҳангоми истилои муғул дар асри 13 кушта шуданд. Ин ривоятҳо мегӯяд, ки муғулҳо биноҳои атрофи мадрасаро хароб карданд ва баъд аз тороҷ танҳо қисматҳои мустаҳкамаш монду бас.

Мардум ҳам, ба қавле баданҳои порашудаи донишмандони кушташударо дар дохили яке аз толорҳои ин мадраса ба хок супурданд. Шояд ҳамон замон ба хотири ин донишмандон, инҷоро мардум мазори шариф ва зиёратгоҳи худ сохтанд. Ҳоло ҳафтае то 100 нафар ба ин маҳал меоянд.

Хоҷа Машҳад -- он ҳарими ошиқон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:26 0:00

Ба қавли таърихнигорон, дар ин мадраса Носири Хусрави Қубодиёнӣ, шоир ва файласуфи бузург дар асри 11 таҳсил кардааст. Пас аз хатми он дар ин маконҳо омили давлатӣ буд ва баъди дидани беадолатиҳо аз мансаб даст кашид ва рӯ ба сарзаминҳои Мисру Шом ва Ҳиҷозу Ироқ овард.

Муҳаммадюсуф Азимов, таърихшиносе, ки баъди марги падараш нигоҳубини мадрасаро бар дӯш дорад, мегӯяд: "Ҳангоми истилои муғулҳо, бисёре аз онҳое, ки инҷо таҳсил кардаанд, кушта ва номашон гум шуд. Сарчашмаҳои таърихӣ исбот кардааст, ки Носири Хусрав инҷо таҳсил кардааст. Дар худи "Сафарнома" Носири Хусрав низ зикр кардааст."

Тарҳи сохтмон ҳанӯз ҳам муҷиби ҳайрат ва манбаъи омӯзиши донишмандони муосир аст. Маҳорати меъмории Хоҷа Машҳад ҳанӯз ҳам ҳайратангез ва асроромез боқӣ мондааст. Замони бунёди Мадрасаи Хоҷа Машҳадро донишмандон асрҳои 4-5 гуфтаанд ва дар асри 9 машҳуртарин маркази илм дониста мешуд.

Бинои Хоҷа Машҳад то соли 1960 Шӯравӣ боқӣ монд ва ҳукумати вақт онро ҳифз кард ва баъдан дар се давра бо сардории Сергей Химиничский, бостоншиноси рус ковишҳои бостоншиносӣ инҷо анҷом шуд.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар авохири қарни гузашта, бинои мадраса дар ҳолати бад қарор дошт. Соли 2001 ба истиқболи ҷашнвораи Носири Хисрав он аз нав эҳё гардид. Давлати Амрико барои таъмиру тармими он 100 ҳазор доллар ҷудо кард ва ин ёдгорӣ аз нестшавӣ ҳифз шуд.

Ғайр аз ҷойгоҳи сайёҳат, Хоҷа Машҳад остонест, ки мардум барои бароварда кардани хостаҳои худ хайру садақа мекунанд. Бисёре аз мардуми авом бар ин боваранд, ки мазори Хоҷа Машҳад ба онҳо кӯмак мекунад ва онҳо ва наздиконашонро аз балоҳои мавҷуд ҳифз менамояд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG