Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши гурӯҳии маргталабон дар Лугар ҷони се полисро гирифт


Дар паи таркиши гурӯҳи ҳамлагарони маргталаб ба як истгоҳи полиси вилояти Лугари Афғонистон дасти кам се афсари полис кушта шуд. Дар ин бора мақомот хабар доданд. Инчунин рӯзи 30 май маҳаллаи атрофи вазорати умури дохилии Афғонистон дар Кобул мавриди ҳамлаи гулӯлаандоз қарор гирифт. Дар робита бо ин ҳодиса ҳанӯз иттилои бештар дар даст нест.

Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ки ин гурӯҳ масъулияти ҳамла дар Лугарро ба дӯши худ мегирад. Холид Сафӣ, сухангӯи волии Лугар гуфт, ки дар ин ҳодиса як фармондеҳи идораи полис, як афсар ва муовини раиси полиси роҳ кушта шуданд. 12 нафари дигар, аз ҷумла чор афсари полис ва 8 фарди мулкӣ маҷрӯҳ шуданд, гуфт раиси полиси вилояти Лугар Муҳаммад Абдалӣ.

XS
SM
MD
LG