Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Баклашкаҳо"-и хориҷӣ дар Тоҷикистон гарон мешаванд?


Порлумони Тоҷикистон барои қолинҳои воридотӣ ва баъзе маҳсулоти пластикӣ аксиз таъйин кард, ки метавонад, сабаби боло рафтани қимати ин навъи маҳсулот шавад.

Аксиз як навъи молиёт аст, ки барои маҳсулоти серистистифода дар байни мардум таъйин мекунанд. Маҷлиси намояндагон рӯзи 25-уми май ислоҳот ҷиҳати таъйини аксизро ба Кодекси андоз ворид кард ва гуфт, ки ҳадаф аз ин кор аз ҷумла дастгирии ширкатҳои дохилиест, ки айни молҳоро тавлид мекунанд.

Толибхон Азимзода, вакили парлумон дар шарҳи қарор гуфтааст, “ҳадаф дастгирии истеҳсолкунандагони дохилӣ ва ҷилавгирӣ аз берун шудани асъори хориҷӣ ҳаст. Ба гуфтаи вакили порлумон “андози аксизӣ ҳамчун фишанги танзимкунандаи истеҳсолоти ватанӣ барои воридоти маҳсулоти тайёри қолинӣ ва пластмасса, ба истиснои воридоти ин молҳо аз давлатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии савдо, ҷорӣ карда мешавад.”

Аз ин баъд Тоҷикистон, аз ҷумла аз қолин, маснуоти борпечонии молҳо аз пластмасса ва ё зарфҳои бузурги пластикӣ андози изофӣ меситонад. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, соли 2017 ба Тоҷикистон ба маблағи бештар аз 3 миллиону 400 ҳазор доллар қолину дигар навъи фарш ва ба маблағи бештар аз 74 миллион доллар маҳсулоти пластикӣ ворид кардаанд. Тоҷикистон ҳоло истеҳсоли зарфҳои бузург барои захираи об ва қолинро дар дохил бар роҳ мондааст.

XS
SM
MD
LG