Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад


Акс аз соли 2015
Акс аз соли 2015

Раиси ҳукумати Русия Дмитрий Медведев қарор аст рӯзҳои 31 май-1 июн бо як сафари расмӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд. Дар чаҳорчӯби ин сафар ӯ дар нишасти Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Муштарак-ул-Манофеъ ҳам иштирок мекунад, ки дар Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Дар доираи сафараш ба Тоҷикистон, Медведев бо президент Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дидор мекунад. Дар ин мулоқот мавзӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия баррасӣ мешавад. Сафари Медведев ба Тоҷикистон бори нахуст баъди тасдиқи номзадии ӯ ба ҳайси раиси ҳукумати Русия дар паи интихоботи президентии соли ҷорӣ хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG